Ба дидорбинӣ бо маҳбусон то ҳол иҷоза нест. Шаш моҳ шуд

Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус дар тамоми зиндонҳои Тоҷикистон аллакай 6 моҳ инҷониб дидорбинии маҳбусон бо пайвандону наздиконашон манъ аст. “Айни замон маълум нест, ки кай ба маҳбусон дидорбиниро бо наздиконашон иҷоза медиҳанд. Ҳамаи ин тадбирҳо барои солимии маҳкумшудагон роҳандозӣ шудааст. Вақте ки вазъи марбут ба пандемия дар кишвар рӯ ба беҳбудӣ овард, ба дидорбинии […]

Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус дар тамоми зиндонҳои Тоҷикистон аллакай 6 моҳ инҷониб дидорбинии маҳбусон бо пайвандону наздиконашон манъ аст.

“Айни замон маълум нест, ки кай ба маҳбусон дидорбиниро бо наздиконашон иҷоза медиҳанд. Ҳамаи ин тадбирҳо барои солимии маҳкумшудагон роҳандозӣ шудааст. Вақте ки вазъи марбут ба пандемия дар кишвар рӯ ба беҳбудӣ овард, ба дидорбинии пайвандону наздикон иҷоза мешавад. Алҳол санаи дақиқи он маълум нест”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (СИҶҶ)-и Вазорати адлияи Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манбаъ, дар муассисаҳои ислоҳии кишвар ҳозир беморони илтиҳоби шуш қариб нестанд ва ҳамаи талаботу тавсияҳои табибон риоя мешаванд.

“Дар ҳар кадоме аз муассисаҳо барои муайян кардани бемории коронавирус тестҳо мавҷуд буда, маҳбусон ва кормандони муассиса ҳангоми ҳис кардани аломатҳои он, метавонанд дар ҳамон ҷо аз тест гузаранд. Агар вирус ошкор шавад, онҳо бистарӣ мешаванд”, – қайд кард манбаъ.

Қаблан сардори СИҶҶ Вазорати адлия Мансурҷон Умаров ба “Азия-Плюс” изҳор дошта буд, ки мавҷи пандемияи коронавирус, ки аксари давлатҳо бо шумули ҳамсоякишварҳоро фаро гирифтааст, ба раҳбарияти Сарраёсат иҷозат намедиҳад, ки ба дидорбинии маҳбусон бо наздиконашон иҷоза диҳад.

“Ҳарчанд шумори гирифторони бемории коронавирус дар Тоҷикистон кам шуда бошад ҳам, оғози имконпазири мавҷи дуюми пандемия раҳбарияти муассисаҳои ислоҳиро водор месозад, ки минбаъд низ чораҳои пешгириро риоя намояд ва манъи муваққатии дидорбинӣ низ аз ҷумлаи ин тадбирҳост”, – қайд карда буд Умаров.

Зимнан зикр шуда буд, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон 11 нафар маҳбусон ва 3 корманди муассисаҳо, ки синнашон аз 50 то 70-соларо ташкил медод, аз бемории илтиҳоби шуш вафот кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи август худи Мансурҷон Умаров ба гумони гирифторӣ ба бемории коронавирус дар Беморхонаи клиникии кӯдаконаи сироятии шаҳрӣ бистарӣ шуд. Дар ин беморхона маълумот дар бораи бистарӣ шудани Мансурҷон Умаровро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда буданд. Ӯ то ҳол дар беморхона аст.

Ба зангҳои телефонии “Азия-Плюс” Мансурҷон Умаров ҷавоб намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, тавре Радиои Озодӣ навишта буд, моҳи майи имсол Носир Умаров, бародари Мансурҷон Умаров ва корманди ширкати "Барқи тоҷик" дар бемористони Зарафшони шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.