Тоҷикистон содироти маҳсулоти кишоварзиро 45% зиёд кард

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ 45,4% афзуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то 31 августи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 14,7 млн доллар ҳудуди 108 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки […]

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ 45,4% афзуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то 31 августи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 14,7 млн доллар ҳудуди 108 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, беш аз 4,6 млн доллар зиёдтар мебошад.

Дар ин давра ҳаҷми содироти пиёз ба миқдори 84,5 ҳазор тонна (149,1% аз ҳаҷми соли гузашта), ангур – 2 ҳазор тонна (124,3%), хушкмева – 13,5 ҳазор тонна (121,1%) ва меваи тару тоза (2%) зиёд шудааст.

Қисмате аз ҳосили мева ва зироати полезӣ дар бозорҳои Русия, Қазоқистон, Чин ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупо фурӯхта шудааст.

Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ таъкид доштанд, ки кашонидани маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар аз рӯйи тарифҳои имтиёзнок ба роҳ монда шуда, соҳибкорон бо нақлиёти маъсус таъмин карда шудаанд.

Зикр шудааст, ки ба туфайли шароити муҳайёшуда дар ҷараёни татбиқи лоиҳаи “Долони сабз” назорати гумрукӣ пурсамар шуда, вақти анҷоми амалиёти гуногуни гумрукӣ кам шуд ва ин дар навбати худ, ба гардиши ҳарчи зудтари молу маҳсулот ва афзоиши ҳаҷми содирот замина фароҳам овард.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, майдони умумии кишт 857 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1% зиёдтар аст.

Бо мақсади истифодаи пурсамар ва оқилонаи замин дар майдони 61 гектар (то 1 июл) кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 2,9 ҳазор гектар бештар мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.