Ҷалби 10 ҳазор волонтёр дар интихоботи президенти Тоҷикистон

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷалби 10 ҳазор ризокор (волонтёр) барои “расонидани хизмат дар маъракаи муҳими сиёсӣ” хабар медиҳад. Кумитаи кор бо ҷавонон мегӯяд, ин афрод аз ҳисоби донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо довталабона (бо хоҳиши худ) ҷалб шудаанд. Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси ин Кумита ба “Азия Плюс” гуфт, “тибқи қонунгузорӣ мо ҳақ […]

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷалби 10 ҳазор ризокор (волонтёр) барои “расонидани хизмат дар маъракаи муҳими сиёсӣ” хабар медиҳад. Кумитаи кор бо ҷавонон мегӯяд, ин афрод аз ҳисоби донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо довталабона (бо хоҳиши худ) ҷалб шудаанд.

Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси ин Кумита ба “Азия Плюс” гуфт, “тибқи қонунгузорӣ мо ҳақ надорем донишҷӯёнро маҷбуран ба кори волонтёрӣ ҷалб кунем, чунки мо дар давлати демократӣ зиндагӣ дорем. Нафароне, ки чун волонтёр ҷалб шудаанд,  бо хоҳиши худашон чунин тасмим гирифтаанд”. Ҳамчунин ба гуфтаи ин мақоми Кумитаи ҷавонон, хонандаҳои мактаб ба кори ризокорӣ ҷалб намешаванд, зеро қонун иҷоза намедиҳад.

Ҳамчунин ба гуфтаи Дилноза Аҳмадзода, ширкати ин ризокорон дар маъракаи интихобот ба дарсҳояшон ҳеч таъсире ҳам надорад, чунки интихобот дар кишвар рӯзи якшанбе гузаронида мешавад ва онҳо то интихобот аз дарсҳо озод нестанд.

Кумитаи кор бо ҷавонон муштаракан бо КМИР Тоҷикистон барои ин 10 ҳазор ризокор китоби “Роҳнамо барои волонтёрон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия кардаанд.

Муовини раиси Кумитаи ҷавонон мегӯяд, ки ба хотири кафолати саломатии ин ризокорон талош мешавад, ки қоидаҳои беҳдоштӣ шадидан риоя шавад.

Инҳо дар 3 ҳвзор участкае, ки барои гузаронидани интихоботи презденти муайян шудааст тақсим карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.