Рустами Эмомалӣ ба гузоштани қуттиҳои почта дар хонаҳои сокинони шаҳр дастур дод

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ дастур дод, ки дар ҳамаи биноҳои истиқоматии пойтахт қуттиҳои почта гузошта шаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод. Дар биноҳои баландошёна ва ҳавлиҳое, ки онҳо пештар вуҷуд доштанду сипас канда шуданд, сокинон аз ҳисоби худ қуттиҳоро мегузоранд. Қуттиҳои почта […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ дастур дод, ки дар ҳамаи биноҳои истиқоматии пойтахт қуттиҳои почта гузошта шаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод.

Дар биноҳои баландошёна ва ҳавлиҳое, ки онҳо пештар вуҷуд доштанду сипас канда шуданд, сокинон аз ҳисоби худ қуттиҳоро мегузоранд.

Қуттиҳои почта дар биноҳои нав низ аз ҳисоби бинокорони манзилҳо гузошта шуда, бе қуттиҳои почта комиссия хонаро ба истифода қабул намекунанд.

Қуттиҳои нави почта дар якчанд корхонаҳои саноатии шаҳр сохта мешаванд.

Ба савол дар бораи чӣ зарурат доштани онҳо, дар шаҳрдорӣ посух доданд, ки бо гузоштани қуттиҳои почта мушкили расонидани матбуоти даврӣ ба обуначиён, ки доимо аз нагирифтани газета ё рӯзномае шикоят мекунанд, роҳи ҳалли худро пайдо мекунад.

Ғайр аз ин, шаҳрдорӣ бо ин тасмим ба масъалаи “часпонидани эълонҳои сершумор ва реклама дар дари даромадгоҳ ва деворҳо” хотима бахшиданист.

Ҳамчунин минбаъд нозирон низ расид (квитансияҳо)-и пардохти пули барқ, гармӣ, об ва дигар хизматрасониҳоро ба қуттии почта гузошта метавонанд. Ҳозир расидҳо дар қабати дар гузошта мешаванд, ки гум шуда метавонад.

Дар шаҳрдорӣ бар ин назаранд, ки қуттиҳои почта инчунин барои расонидани огоҳиномаҳо аз мақомоти андозу суд, даъватнома ба артишу маъракаи интихобот ва дигар чорабиниҳо заруранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.