Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Қазоқистон ба ватан меорад

Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19 ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эр” бо хатсайри Душанбе-Алмаато-Душанбе 3 парвози чартерӣ анҷом медиҳад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, парвозҳо бо мақсади овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон иҷро мешаванд. Хатсайри аввал рӯзи 12 октябр ва боқимонда рӯзҳои 19 ва 27 октябр ба нақша гирифта шудааст. Гуфта […]

Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19 ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эр” бо хатсайри Душанбе-Алмаато-Душанбе 3 парвози чартерӣ анҷом медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, парвозҳо бо мақсади овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон иҷро мешаванд. Хатсайри аввал рӯзи 12 октябр ва боқимонда рӯзҳои 19 ва 27 октябр ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, хатсайрҳои чартерӣ дар мувофиқа бо ҳукумати Қазоқистон анҷом дода мешаванд.

ВКХ хотиррасон мекунад, ки шаҳрвандоне, ки ба Ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиш бо усули вокуниши занҷиравии полимеразӣ (PCR) гирифта шудааст, ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...