Дар Душанбе мавсими гармидиҳӣ оғоз мегардад

Дар шаҳри Душанбе мавсими гармидиҳӣ оғоз мегардад. Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и “Душанбе-2” ҳанӯз 6 октябр ба кор даромада, лекин то имрӯз дар он танҳо неруи барқ истеҳсол мешуд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, танҳо муддати 1 шабонарӯз дар МБГ “Душанбе-2” 350 мегаватт неруи барқ истеҳсол шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, аллакай шоми имрӯз […]

Дар шаҳри Душанбе мавсими гармидиҳӣ оғоз мегардад. Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и “Душанбе-2” ҳанӯз 6 октябр ба кор даромада, лекин то имрӯз дар он танҳо неруи барқ истеҳсол мешуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, танҳо муддати 1 шабонарӯз дар МБГ “Душанбе-2” 350 мегаватт неруи барқ истеҳсол шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, аллакай шоми имрӯз ба хонаҳои сокинони баъзе маҳаллаҳои шаҳр гармӣ дода мешавад, лекин дар бораи маҳз ба кадом маҳаллаҳо дода шудани гармӣ маълумот дода нашуд.

“Ҳамаи манзилу корхонаҳое, ки ба низоми марказии гармидиҳӣ пайвастанд, муддати чанд рӯзи наздик бо гармӣ таъмин мешаванд”, – қайд кард ӯ.

Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-1”, ки барои кор аз гази Ӯзбекистон истифода мекунад, низ рӯзҳои наздик ба фаъолият мепардозад.

Қобили зикр аст, ки мавсими гармидиҳии соли 2019 даҳаи сеюми моҳи октябр оғоз гардида, нимаи моҳи марти соли ҷорӣ анҷом ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.