Тоҷикистон барои рӯйпӯш кардани хароҷоти буҷет захираҳои тиллои худро мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон баҳри таъмини маблағгузории моддаҳои ҳифзшудаи хароҷоти буҷети давлатӣ захираҳои тиллояшро фурӯхт, қайд мешавад дар гузориши рӯзи панҷшанбе нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Шарҳи иқтисод дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ: COVID-19 ва сармояи инсонӣ”. Мувофиқи қонун “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2020”, ба моддаҳои ҳифзшуда хароҷот барои пардохти музди меҳнат, маблағҳо барои эҳтиёҷоти […]

Ҳукумати Тоҷикистон баҳри таъмини маблағгузории моддаҳои ҳифзшудаи хароҷоти буҷети давлатӣ захираҳои тиллояшро фурӯхт, қайд мешавад дар гузориши рӯзи панҷшанбе нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Шарҳи иқтисод дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ: COVID-19 ва сармояи инсонӣ”.

Мувофиқи қонун “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2020”, ба моддаҳои ҳифзшуда хароҷот барои пардохти музди меҳнат, маблағҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва пардохти ҳаққи хизматгузориҳои коммуналӣ дохил шудаанд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки касри буҷет дар 6 моҳи соли равон 2,3% нисбат ба ММД-ро ташкил дода, андоз аз нақша камтар ҷамъоварӣ шуд.

Гуфта мешавад, сустшавии рушди иқтисоди кишвар аз 7,5% дар 6 моҳи соли 2019 то ба 3,5% дар ҳамин давраи соли равон ба қишри камбизоати аҳолӣ ва хонаводаҳо таъсири манфӣ расонид.

“Дар авҷи пандемияи COVID-19 аз панҷ ду хонавода дар бораи кам кардани истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ хабар доданд, ки нисбат ба сатҳи соли 2019 хеле баландтар аст”, – илова кардаанд муаллифони гузориш.

Ёдрас мекунем, ки даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ 9,8 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи тасҳеҳшуда 4,5% ё худ 462,3 млн сомонӣ (ҳудуди 45 млн доллар) камтар аст.

Қисмати хароҷоти буҷет дар ин давра 81,9% иҷро шуд: ҳаҷми умумии маблағгузории буҷетӣ ба 10,2 млрд сомонӣ баробар шуда, аз нишондиҳандаҳои нақшавӣ 18,1% ё худ 2,3 млрд сомонӣ камтар мебошад.

Қобили зикр аст, ки давоми 8 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши сангу фулузоти қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо ба афзоиши бесобиқаи ҳаҷми содирот (50% ё худ 5 баробар) ноил гардид.

Тибқи маълумоти оморӣ, ин маҳсулот ба маблағи 595 млн доллар давоми моҳҳои январ-августи соли 2020 ба хориҷи кишвар бароварда шудааст, ки наздики 60% аз ҳаҷми умумии содироти кишварро дар ин давра ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.