Маркази тадқиқоти стратегӣ ва “Ховар” ҷойи дигар мекӯчанд

Ба Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҷумҳурӣ ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” дастур дода шудааст, ки ояндаи наздик биноеро, ки дар он фаъолият доранд, холӣ кунанд. Ба онҳо дар бинои Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” дафтарҳои корӣ пешниҳод шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе. Дар бинои пешинаи ҷойи кории онҳо, […]

Ба Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҷумҳурӣ ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” дастур дода шудааст, ки ояндаи наздик биноеро, ки дар он фаъолият доранд, холӣ кунанд.

Ба онҳо дар бинои Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” дафтарҳои корӣ пешниҳод шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе.

Дар бинои пешинаи ҷойи кории онҳо, ки дар маркази шаҳри Душанбе, паҳлӯи парлумон воқеъ аст, шаҳрдории пойтахт ҷойгир мешавад.

Қаблан зикр гардида буд, ки қисмати чапи Кохи президенти Тоҷикистон, ки айни замон дар он дастгоҳи шаҳрдории Душанбе фаъолият дорад, то замони анҷоми сохтмони бинои нави ҳукумати ҷумҳурӣ тахриб намешавад.

Лекин акнун ҳукумат тасмим гирифтааст, ки бинои Кохи президент, аз ҷумла қисмати чапи он пурра тахриб (кӯчонида) мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.