Тоҷикистон ба корхонаи истеҳсоли семент барои ҳамсоякишварҳо табдил меёбад

Дар зарфи 9 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 990 ҳазор тонна семент содирот шуд, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон. Дар ин давра корхонаҳои ҷумҳурӣ ҳамагӣ зиёда аз 3,2 млн тонна семент истеҳсол карданд. Гуфта мешавад, ҳиссаи ин навъи масолеҳи сохтмони содиротшуда дар ҳаҷми умумии сементи тавлидшуда ҳудуди […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар зарфи 9 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 990 ҳазор тонна семент содирот шуд, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон. Дар ин давра корхонаҳои ҷумҳурӣ ҳамагӣ зиёда аз 3,2 млн тонна семент истеҳсол карданд.

Гуфта мешавад, ҳиссаи ин навъи масолеҳи сохтмони содиротшуда дар ҳаҷми умумии сементи тавлидшуда ҳудуди 31%-ро ташкил медиҳад.

Дар ин давра ба Ӯзбекистон 562 ҳазор тонна, ба Афғонистон – 391 ҳазор тонна ва Қирғизистон – 43 ҳазор тонна семент фурӯхта шудааст.

Дар саросари ҷумҳурӣ 16 корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори умумии 5,6 млн тонна маҳсулот дар як сол ба қайд гирифта шудааст.

Корхонаҳои асосии истеҳсоли семент дар кишвар 3 корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Чунгтсай Моҳир семент» (27,9%), «Хуаксин Ғаюр семент» (27,1%) ва «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» (26,7%) мебошанд, ки наздики 82% аз ҳаҷми умумӣ ба ҳиссаи ин корхонаҳо рост меояд.

Ҳиссаи корхонаи “Сементи тоҷик” (“Тоҷиксемент”)-и Душанбе дар ҳаҷми умумии истеҳсоли семент дар Тоҷикистон айни замон 5,2%-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ тайи панҷ соли охир бо кумаки сармоягузорони Чин даҳҳо маротиба афзуд.

Соли 2019 дар ҷумҳурӣ ҳаҷми рекордии истеҳсоли ин навъи масолеҳи сохтмон – 4,2 млн тонна ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса бо соли пешин 400 ҳазор тонна зиёдтар буд.

Ояндаи наздик афзоиши чунин иқтидорҳо дар назар аст. Аз ҷумла, ширкати “Моҳир семент” бо кумаки сармоягузорӣ аз Чин дар ҷануби ҷумҳурӣ корхонаи нави сементбарории иқтидораш 600 ҳазор тонна месозад.

Дар ҳамин ҳол, экологҳо аз афзоиши истеҳсоли семент изҳори нигаронӣ карда, қайд мекунанд он ба вазъи экологияи ҷумҳурӣ ва солимии одамон зиёни ҷуброннопазир ба бор оварда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.