Эмомалӣ Раҳмон: “Истиқлоли Тоҷикистонро ҳифз мекунам”

Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ба унвони президенти тозаинтихоби Тоҷикистон барои бори панҷум дар ҷаласаи муштаракаи палатаҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кард. Президенти Тоҷикистон баъди он ки ба ӯ нишонаҳои президентӣ супурда шуд, дар ин савгандаш гуфт: "Ман ҳамчун президент савганд ёд мекунам ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро […]

Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ба унвони президенти тозаинтихоби Тоҷикистон барои бори панҷум дар ҷаласаи муштаракаи палатаҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кард. Президенти Тоҷикистон баъди он ки ба ӯ нишонаҳои президентӣ супурда шуд, дар ин савгандаш гуфт:

"Ман ҳамчун президент савганд ёд мекунам ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам. Ин истиқлолияти сиёсиву иктисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам ва ба халқ содиқона хидмат менамоям".

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар поёни ин савгандаш аз мардуми Тоҷикистон изҳори ташаккур кард, ки ӯро ба мақоми Президенти Тоҷикистон бори дигар интихорб кардаанд:

Бо камоли эҳтиром ва муҳаббату садоқати фарзандӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон, ки рӯзи 11-уми октябри соли равон дар интихоботи президенти Тоҷикистон эътиқоду боварии бузург зоҳир намуда сарнавишти худ ва тақдири мамлакат вогузор карданд, сипоси бепоён ва миннатдории самимӣ баён менамоям.

https://www.youtube.com/watch?v=DldfM6hihFg?t=720

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.