Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СҲШ ҳузур дорад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз дар шакли видеооконфронс гузашта истодааст, ҳузур дорад. Ҷаласа таҳти раёсати ҷониби Русия ҷараён дошта, рӯзномаи он аз масоили густариши ҳамкории бисёрҷабҳа дар доираи СҲШ дар партави тақвияти чолишу хатарҳои сартосарӣ иборат аст, менависад “Российская газета”. Роҳбарони ҳайати кишварҳои узви Созмон […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз дар шакли видеооконфронс гузашта истодааст, ҳузур дорад.

Ҷаласа таҳти раёсати ҷониби Русия ҷараён дошта, рӯзномаи он аз масоили густариши ҳамкории бисёрҷабҳа дар доираи СҲШ дар партави тақвияти чолишу хатарҳои сартосарӣ иборат аст, менависад “Российская газета”.

Роҳбарони ҳайати кишварҳои узви Созмон ва давлатҳои нозир сатҳи муосири ин хатарҳоро таҳлил ва дурнамои рушди муносибатҳои бисёрҷонибаро дар самтҳои афзалиятнок баррасӣ мекунанд ва инчунин доир ба масоили муҳиму рӯзмарраи байнулмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат мегирад.

https://www.youtube.com/watch?v=ECCWt2M7BLA

Дар назар аст, ки дабири кулли СММ Антониу Гутерриш низ бо муроҷиати видеоӣ барои иштирокчиёни нишаст суханронӣ кунад.

Аз рӯи натиҷаҳои нишаст қабули Эъломияи Маскав ва бастаи асноде дар назар аст, ки ба тавсеъаи ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи СҲШ, аз ҷумла дар соҳаҳои таъмини амният, ҳамкории иқтисодӣ, ҷорисозии технологияҳои рақамӣ, рушди минтақаҳои кишоварзӣ, муқовимати пурсамар бар зидди эпидемия ва дигар самтҳо равона гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.