Маконҳои осебпазири Хуҷанд аз Covid-19 безарар мегарданд

Дар шаҳри Хуҷанд барои пешгирӣ аз бемории сироятии корнавирус безараргардонии сартосарӣ амалӣ мегардад. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, ин иқдом тибқи дастуру супоришҳои раисони Ситодҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси нави Covid-19 сурат гирифта, пеш аз ҳама маконҳои осебпазир мавриди безараргардонӣ қарор мегиранд. Гуфта мешавад, ки ин навбат корҳои безараргардонӣ […]

Дар шаҳри Хуҷанд барои пешгирӣ аз бемории сироятии корнавирус безараргардонии сартосарӣ амалӣ мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, ин иқдом тибқи дастуру супоришҳои раисони Ситодҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси нави Covid-19 сурат гирифта, пеш аз ҳама маконҳои осебпазир мавриди безараргардонӣ қарор мегиранд.

Гуфта мешавад, ки ин навбат корҳои безараргардонӣ нахуст дар бозорҳои марказии “Панҷшанбе” ва “Афросиёб” бо ҷалби як қатор кормандони воҳидҳои махсуси хадамоти оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидмологии шаҳру вилоят ва дигар сохторҳои шаҳрдорӣ бо сафарбаркунии мошинҳои махсус ва дастгоҳҳои безараргардонӣ сурат гирифт.

Корҳои тамизгардонӣ ҳамчунин дар маҳалаи “Бофанда”-и шаҳр, ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ ба роҳ монда шуд.

“ Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои пешгирӣ ва роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, риоя нагардидани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон ва марказҳои савдою хизматрасонӣ ба чашм мерасад, ки боиси нигаронию ташвиш аст ва ҳолатҳои ногувор дар пай дорад. Бояд ҳар як шаҳрванд ин масъаларо дарк намуда, бо ақлу фаҳмиш ва шуурнокӣ то чӣ андоза осебпазир будани ин беморӣ андеша намояд”, – қайд мешавад дар хабар.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.