Раёсати динии мусалмонони Русия издивоҷ бо занони ғайримусалмонро раво намедонад

Олимони Раёсати динии мусалмонони Русия хулосае содир намуданд, ки мувофиқи он, ба мардони мусалмон тавсия дода мешавад, ки ба занони намояндаи дигар динҳо издивоҷ накунанд, хабар медиҳад Интерфакс. “Шӯрои уламои Раёсат қарор кард, ки никоҳҳо бо намояндагони маҳзабҳо, аз ҷумла шахсони мазҳаби Китобҳои муқаддас (насрониҳо, яҳудиҳо – ИФ) дар қаламрави Русия нораво буда, танҳо дар […]

Asia-Plus

Олимони Раёсати динии мусалмонони Русия хулосае содир намуданд, ки мувофиқи он, ба мардони мусалмон тавсия дода мешавад, ки ба занони намояндаи дигар динҳо издивоҷ накунанд, хабар медиҳад Интерфакс.

“Шӯрои уламои Раёсат қарор кард, ки никоҳҳо бо намояндагони маҳзабҳо, аз ҷумла шахсони мазҳаби Китобҳои муқаддас (насрониҳо, яҳудиҳо – ИФ) дар қаламрави Русия нораво буда, танҳо дар мавридҳои муайяни ҷудогона бо қарори муфтии маҳаллӣ имконпазир аст, ки ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаи мушаххаси мазкурро баррасӣ ва ба инобат мегирад”, – гуфта мешавад дар хулосае, ки рӯзи сешанбе дар сомонаи ташкилот нашр шудааст.

Ба ақидаи олимони соҳаи дини Раёсат, танҳо зани ғайримусалмоне, ки масалан, Исоро на Худо, балки дар баробари Муҳамммад (с) фиристодаи Худо мешумораду мавҷудияти як Худои ягонаро эътироф мекунад ва ба риояи фармудаҳои Қуръони Муқаддас омодагӣ изҳор менамояд, бо марди мусалмон ақди никоҳ баста метавонад.

Муаллифони изҳорот қайд мекунанд, ки барои ду шахси ба ин ҳад наздик мисли зану шавҳар ҷиҳати мустаҳкам будани иттифоқашон мавҷудияти арзишҳои умумӣ муҳим аст.

“Ягонагӣ, монандии ҳамсарон дар назар ба масоили динӣ ва маънавият муҳимтарин шарти ҳаёти якҷояи хушбахтонаи онҳост”, – таъкид мешавад дар хабари интишоршуда.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.