Вазири рушди иқтисод ва савдо аз корнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт

Ба ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ пешрафти босуботи иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро таъмин намояд, изҳор дошт зимни як чорабинӣ бахшида ба Рӯзи президенти Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода. Вазир қайд кард, ки дар ин солҳо дар заминаи фароҳам овардани […]

Ба ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ пешрафти босуботи иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро таъмин намояд, изҳор дошт зимни як чорабинӣ бахшида ба Рӯзи президенти Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода.

Вазир қайд кард, ки дар ин солҳо дар заминаи фароҳам овардани низоми иқтисоди бозаргонӣ тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, хусусан, сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногун таъмин шуд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми ММД аз 1,7 млрд. сомонии соли 2000 то 77,4 млрд. сомонӣ дар соли 2019, яъне 45,5 маротиба зиёд шуд.

Завқӣ Завқизода ҳамчунин таъкид дошт, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 2000 то ба 26,3 фоиз дар соли 2020 коҳиш ёфт.

Даромади пулии аҳолӣ, зикр намуд Завқизода, аз 1 млрд. сомонии соли 2000 то 48 млрд. дар соли 2019 (яъне 48 баробар) ва музди меҳнати миёнаи як корманд аз 15,6 сомонӣ то 1335 сомонӣ (яъне 85,6 баробар) афзоиш ёфтанд.

Даромади Буҷети давлатӣ аз 300 млн. сомонии соли 2000 то 23,5 млрд. сомонӣ дар соли 2019 ё 78,3 маротиба афзоиш ёфт.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола санаи 16 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи президенти ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.