Нақшаи хароҷоти буҷет $320 млн камтар иҷро шуд

Дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 16,2 млрд сомониро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.  Ин нишондиҳанда 17,9% (зиёда аз 3,6 млрд сомонӣ) камтар аз нақшаи пешбинишудаи харҷоти буҷет дар ин давра мебошад. Қариб ба ҳамаи соҳаҳо аз нақша камтар маблағ харҷ шуд, ба ҷуз бахши таъминот […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 16,2 млрд сомониро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

 Ин нишондиҳанда 17,9% (зиёда аз 3,6 млрд сомонӣ) камтар аз нақшаи пешбинишудаи харҷоти буҷет дар ин давра мебошад.

Қариб ба ҳамаи соҳаҳо аз нақша камтар маблағ харҷ шуд, ба ҷуз бахши таъминот бо сӯзишворӣ ва соҳаи энергетика, ки ба онҳо ҳудуди 2,9 млрд сомонӣ (2,4% аз нақша зиёдтар) маблағ равона шуд.

Соҳаи тандурустӣ 39,3% (550 млн сомонӣ), бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ – 33,1%, маориф – 19,5%, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ  – 18,5%, фарҳанг ва варзиш – 11,2%, Хоҷагии манзилию коммуналӣ – 10,5%, саноат ва сохтмон – 10,2%, бахши кишоварзӣ – 8,2%, нақлиёт ва коммуникатсия – 7% аз нақша камтар маблағ гирифтанд.

Ҳиссаи соҳаҳо дар сохтори умумии хароҷоти буҷет тариқи зайл аст: комплекси сӯзишворӣ ва энергетика – 17,8%, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 16,4%, тандурустӣ – 8,9%, Хоҷагии манзилию коммуналӣ – 6,1%, бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ – 5,3%, нақлиёт ва коммуникатсия – 4,4%, фарҳанг ва варзиш – 4%, бахши кишоварзӣ – 2,8%, саноат – 0,7% ва дигар хароҷот, ки ба соҳаи муайян мансуб нест – 7,7%.

Даромади буҷет дар ин давра 16,5 млд сомониро ташкил дод, ки 3,3% (570 млн сомонӣ) аз ҳаҷми пешбинишуда камтар аст.

Ҳиссаи воридшавии маблағ аз пардохти андоз дар буҷети давлатӣ 66,3%-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июни соли равон ба ҳукумат лозим омад, ки нишондиҳандаҳои буҷети имсоларо бозбинӣ намояд.

Ҳаҷми умумии нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷет бо назардошти ҷалби маблағҳои грантӣ ба ҷойи 26,1 млрд сомонии қаблан тибқи нақша пешбинигардида 23,6 млрд сомонӣ муқаррар шуд.

Нақшаи тасҳеҳшудаи хароҷоти умумии буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 26 млрд сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз нақшаи аввалия 400 млн сомонӣ камтар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.