Дар раддабандии ФИФА Тоҷикистон як зина боло рафт

Мунтахаби футболи Тоҷикистон мавқеи худро дар раддабандӣ (рейтинг)-и Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) як зина беҳтар намуд. Дар раддабандии нави ФИФА Тоҷикистон бо касби 143 хол, ки нисбат моҳи гузашта 5 хол зиёдтар аст, зинаи 121-умро ишғол мекунад. Миёни кишварҳои Осиё Тоҷикистон мақоми 22-юмро ишғол мекунад. Дар Осиё зинаи аввалро бо 1502 хол тими Ҷопон […]

Мунтахаби футболи Тоҷикистон мавқеи худро дар раддабандӣ (рейтинг)-и Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) як зина беҳтар намуд.

Дар раддабандии нави ФИФА Тоҷикистон бо касби 143 хол, ки нисбат моҳи гузашта 5 хол зиёдтар аст, зинаи 121-умро ишғол мекунад.

Миёни кишварҳои Осиё Тоҷикистон мақоми 22-юмро ишғол мекунад. Дар Осиё зинаи аввалро бо 1502 хол тими Ҷопон (зинаи 27-ум дар ҷаҳон), мақоми дуюмро бо касби 1496 имтиёз дастаи Эрон (29-ум дар ҷаҳон) ва ҷойи сеюмро Кореяи Ҷанубӣ бо 1465 хол (38-ум дар ҷаҳон) касб кардаанд.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мунтахаби Ӯзбекистон дар зинаи аввал, Осиё – ҷойи 12-ум ва дар ҷаҳон дар мақоми 85-ум ҷойгир шудааст.

Раддабандии мунтахабҳои футболи занона низ ба нашр расида, Тоҷикистон дар он зинаи 132-юм дар ҷаҳон ва 30-юмро байни кишварҳои Осиё ишғол кардааст.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дар давраи 4 сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.