Муҳлати баррасии масъалаи ивази ному насаб дар Тоҷикистон кам мешавад

Пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон лар бораи ворид намудани тағйирот ба қонун “Дар бораи сабти давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” имрӯз аз ҷониби вакилони парлумон якдилона ҷонибдорӣ шуд. Зимни суханронӣ назди вакилони палатаи поёнии парлумон вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён изҳор дошт, ки моҳияти тағйироти пешниҳодшуда бар он асос меёбад, ки муҳлати сабти расмии ивази ному насаби шаҳрвандон […]

Пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон лар бораи ворид намудани тағйирот ба қонун “Дар бораи сабти давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” имрӯз аз ҷониби вакилони парлумон якдилона ҷонибдорӣ шуд.

Зимни суханронӣ назди вакилони палатаи поёнии парлумон вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён изҳор дошт, ки моҳияти тағйироти пешниҳодшуда бар он асос меёбад, ки муҳлати сабти расмии ивази ному насаби шаҳрвандон тезонида шавад.

Ба гуфтаи ӯ, агар қаблан масъалаи ивази ному насаб аз ҷониби мақомоти марбута аз 3 то 6 моҳ баррасӣ мешуд, пас аз қабули тағйирот ин муҳлат аз 1 то 1,5 моҳ кам карда мешавад.

Вазири адлия қайд кард, ки соли 2015 ҳудуди 25 ҳазор шаҳрвандони кишвар ному насаби худро ба шакли миллӣ иваз карданд. Ин нишондиҳанда соли 2016 – 29 ҳазор, соли 2017 – 26 ҳазор, соли 2018 – 38 ҳазор ва соли 2019 – 40,5 ҳазор нафарро ташкил дод.

“Бо сабаби паҳншавии сирояти коронавирус ҷараёни мазкур соли ҷорӣ коҳиш ёфт: давоми 10 моҳи соли ҷорӣ наздики 18 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ивази ному насабро хоҳиш карданд”, – гуфт Ашӯриён.

Тамоили ивази ному насаб аз русӣ ба тоҷикӣ пас аз ному насабашро аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон иваз намудани сарвари давлат дар соли 2007 бештар фаъолтару густарда гардида, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон ба ӯ пайравӣ карданд.

Айни замон қариб ҳамаи роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру навоҳии кишвар ва аксарияти хизматчиёни давлатӣ ному насабашонро ба шакли тоҷикӣ иваз карданд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси ВМКБ Ёдгор Файзов то ҳол истисно боқӣ мондаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.