Соли 2021 дар Душанбе бо иштироки ходимони фарҳанги ИДМ як қатор чорабиниҳо доир мегардад

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 10 лекабр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар сиғаи маҷозӣ баргузор гардид, иштирок кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот вазирон оид ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳод табодули афкор карданд. Бо дарназардошти ҳамагирии […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 10 лекабр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар сиғаи маҷозӣ баргузор гардид, иштирок кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот вазирон оид ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳод табодули афкор карданд.

Бо дарназардошти ҳамагирии коронавируси нав роҳбарони ҳайатҳо ба масъалаҳои таъмиқи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар чаҳорчӯби ИДМ дар заминаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар соҳаи амният таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ таъкид намуд, ки бӯҳрони кунунӣ боиси коҳиш ёфтани суръати тиҷорати дохиливу хориҷӣ ва  фаъолияти соҳибкорӣ шуда, ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва нақлиёт таъсир расонид ва амнияти озуқавории кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро зери хатар гузошт.

Гуфта мешавад, бо дарназардошти Пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 эълон шудани шаҳри Душанбе, Сироҷиддин Мухриддин иттилоъ дод, ки пас аз беҳбуди вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ, Тоҷикистон ният дорад соли оянда як идда чорабиниҳоро бо иштироки кормандони соҳаи фарҳанг ва ҳунар баргузор намояд.

Зикр мегардад, ки аз рӯйи натиҷаи ҷаласаи вазирон 12 қарор ба имзо расид. Аз ҷумла, Нақшаи машваратҳои байни Вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар доираи ИДМ барои соли 2021 тасдиқ шуда, тақсими мансабҳо тибқи квота байни кишварҳои узв дар Кумитаи иҷроияи ИДМ барои давраи навбатии сесола мувофиқа шуд.

Тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи минбаъдаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ моҳи апрели соли 2021 дар Русия баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.