Кумитаи андоз ба саволҳо дар бораи «Андоз аз Google» посух дод

Тағйирот ба Кодекси андоз оид ба андозбандӣ барои истифодаи хизматрасонии ширкатҳои хориҷӣ мавриди амал қарор гирифт. Кумитаи андоз ба саволҳои бештар мавриди таваҷҷуҳ ва баҳс посух дод. 1. «Андоз аз Google» – чист? Бояд қайд намуд, ки истилоҳи «андоз аз Google» намуди андози нав набуда, балки як ҳолати махсуси андозбандии андоз аз арзиши иловашуда мебошад […]

Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ

Тағйирот ба Кодекси андоз оид ба андозбандӣ барои истифодаи хизматрасонии ширкатҳои хориҷӣ мавриди амал қарор гирифт. Кумитаи андоз ба саволҳои бештар мавриди таваҷҷуҳ ва баҳс посух дод.

1. «Андоз аз Google» – чист?

Бояд қайд намуд, ки истилоҳи «андоз аз Google» намуди андози нав набуда, балки як ҳолати махсуси андозбандии андоз аз арзиши иловашуда мебошад ва ин яке аз хизматрасониҳои электронии ширкатҳои хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Хизматрасониҳои электронӣ шакли хизматрасоние мебошанд, ки тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи иттилоотӣ ва коммуникатсионии Интернет ба тариқи худкор бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «андоз аз Google» аз соли 2021 эътибор пайдо мекунад.

2. Кадом рӯйхати хизматрасониҳои электронӣ дохил карда шудааст?

Хизматрасониҳои электронӣ аз фурӯши китобҳои электронӣ ва дигар файлҳои медиавии электронӣ (мундариҷаи рақамӣ), интиқоли ҳуқуқҳо барои истифодаи барномаҳо, таблиғ, дастгирии сайт, нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот, омор, домен ва хостинг, дастрасӣ ба системаҳои ҷустуҷӯӣ, соҳаи IT ва ғайра иборатанд. Яъне ҳамаи ин хизматрасониҳое, ки тавассути Интернет пешниҳод карда мешаванд.

3. Супорандагони «андоз аз Google» – кистанд?

Супорандагони «андоз аз Google» шахсони хориҷӣ мебошанд, ки хизматрасониҳои электрониро мустақиман ё тавассути миёнаравҳо (агентҳо) ба шахсони воқеӣ пешниҳод мекунанд, ки маҳалли иҷрои онҳо қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба ибораи дигар, агар харидорони хадамоти электронии шахсони хориҷӣ шахсони воқеии Тоҷикистон бошанд, пас ин шахсони хориҷӣ супорандагони «андоз аз Google» ҳисобида мешаванд. Агар хизматрасониҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Тоҷикистон ва намояндагиҳои (филиалҳои) ширкатҳои хориҷӣ пешниҳод карда шаванд, пас онҳо агентҳои (миёнаравҳои) андоз эътироф карда мешаванд. Агар дар ҳисоббаробаркунӣ якчанд шахсони ҳуқуқӣ-агентҳо иштирок кунанд, пас агенти андоз ҳамонест, ки ҳисоббаробаркунӣ бо шахси воқеии харидор тавассути он мегузарад.

4. Объекти андозбандӣ, меъёри андозбандӣ ва давраи андоз кадомҳоянд?

Объекти андозбандӣ даромад аз ҳисоби амалӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ мебошад. Манбаи андоз – арзиши хизматрасонии электронӣ аз ҷониби шахсони хориҷӣ, бе назардошти маблағи андоз. Ширкатҳои хориҷӣ муваззаф шудаанд, ки семоҳа (ҳар 3 моҳ) бо меъёри 18% яъне стандартӣ пардохт кунанд. Шахсони хориҷӣ андозро мустақилона ҳисоб мекунанд ва месупоранд, агар агенти андоз ӯҳдадории супоридани андозро надошта бошад.

5. Тартиби бақайдгирии ширкати хориҷӣ чӣ гуна аст?

Барои бақайдгирӣ (баромадан аз қайд) шахси хориҷӣ (ё агенти андоз) бояд дар шакли тасдиқшуда дар мӯҳлати на дертар аз 20 рӯз аз рӯзи оғоз (қатъ)-и пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ ариза пур карда ва пешниҳод карданд зарур аст.

6. Чӣ гуна ҳисоботи андоз пешниҳод карда мешавад?

Эъломияҳои андоз (эъломияи 18% ААИ) дар шакли электронӣ тавассути утоқи шахсии андозсупоранда дар сомонаи Кумитаи андоз (www.andoz.tj) пешниҳод карда мешаванд. Ҳамзамон, қайд менамоем, ки эъломияи андоз бо забони англисӣ дастрас аст.

7. Сабаби қабули ин намуди андоз чӣ буд?

Тавре ки қаблан қайд карда шуд, ин андози нав набуда, танҳо як ҳолати махсуси андозбандии ААИ мебошад. Тахмин меравад, ки «андоз аз Google» як манбаи дигари даромади буҷаи давлат хоҳад шуд. Ғайр аз ин, тағйиротҳо ба Кодекс имкон медиҳанд, ки андозбандии хизматрасониҳои электрониро ба тартиб дароварда шавад. Ҳангоми қабули ин намуди андозҳо таҷрибаи кишварҳои дигар истифода мешуд. «Андози Google» дар Федератсияи Русия, Узбекистон, Беларус, Қазоқистон, Молдова ва ғайра ҷорӣ карда шуд. Ин ба рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва тиҷорати интернетӣ вобаста аст.

8. Оё ин ба истифодабарандагон интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дорад?

Барои истифодабарии он тариқи интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ надорад. Аз ҷониби мақомотҳои андоз аз истифодабарандагони Интернет талаб карда намешавад, ки маблағи иловагӣ супоранд. «Андоз аз Google» андози ғайримустақим, ки ширкатҳои ғайрирезидентҳои хориҷӣ (ё агентҳои андоз) барои пешниҳоди хаизматрасониҳои электронӣ пардохт мекунанд.

9. Оё ин андоз ба интернет-мағозаҳои ватанӣ дахл дорад?

Супорандаи «андоз аз Google» ширкатҳои ғайрирезидентии хориҷӣ мебошанд, ки бевосита ё тавассути миёнаравҳо (агентҳо) ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электронӣ мерасонанд, ки маҳалли иҷрои онҳо қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, «андоз аз Google» ба интернет-мағозаҳои ватанӣ вобастагӣ надорад. Агар интернет-мағозаҳои ватанӣ дар мақомоти андоз ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта бошанд, пас онҳо тибқи ҳисоботи пешниҳодшуда андоз месупоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.