Раиси Хуҷанд: Минбаъд замин танҳо бо назардошти нақшаи генералӣ ҷудо мешавад

Минбаъд бе назардошти нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳр, ягон сотих қитъаи замин барои сохтмон ҷудо карда намешавад, изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ и.в. раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода. “Оянда қитъаҳои замин танҳо дар доираи нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳр бо риояи ҳамаи талаботи барои он пешниҳодгардида ҷудо карда мешавад, – шарҳ дод ӯ. – Ҳамчунин тасмим гирифта […]

Минбаъд бе назардошти нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳр, ягон сотих қитъаи замин барои сохтмон ҷудо карда намешавад, изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ и.в. раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода.

“Оянда қитъаҳои замин танҳо дар доираи нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳр бо риояи ҳамаи талаботи барои он пешниҳодгардида ҷудо карда мешавад, – шарҳ дод ӯ. – Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки дар байни хонаҳои баландошёна барои сохтмони манзилҳои наву марказҳои савдо ва дигар иншоот қитъаи замин ҷудо карда нашавад”.

Ба гуфтаи ӯ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ байни хонаҳои баландошёна 100 майдони варзишӣ бунёд гардида, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти варзишӣ ва дигар лавозимоти зарурии ширкати ватании “Арча мебел” таъмин карда хоҳанд шуд.

Дар посух ба саволи рӯзноманигорон бобати суистифода дар мавриди ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмон, раиси Хуҷанд қайд кард, ки соли 2020 аз ҷониби мақомоти прокуратураи шаҳр 20 қарори ғайриқонунии марбут ба ин масъала бекор шудаанд.

“Тавре ки ман пештар қайд кардам, минбаъд замин танҳо бо назардошти нақшаи генералӣ ҷудо мешавад”, – афзуд Фирдавс Шарифзода.

Қобили зикр аст, ки ахиран арзу шикояти шаҳрвандон ба мақомоти ҳукумат ва навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба сохтмони манзилҳои наву марказҳои савдо ва дигар иншоот байни хонаҳои баландошёна бидуни риояи масофа тибқи меъёр зиёд шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.