Дабири кулли СААД имрӯз ба Тоҷикистон меояд

Дар робита ба паҳншавии сирояти коронавирус сафари дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас ба Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2020 ба санаи дигар гузаронида шуд. Дабири кулли СААД Станислав Зас имрӯз, 16 феврал ба Душанбе меояд. Ин сафари аввалини ӯ ба Тоҷикистон буда, дар ҷараёни он ӯ бо президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон […]

Дар робита ба паҳншавии сирояти коронавирус сафари дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас ба Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2020 ба санаи дигар гузаронида шуд.

Дабири кулли СААД Станислав Зас имрӯз, 16 феврал ба Душанбе меояд. Ин сафари аввалини ӯ ба Тоҷикистон буда, дар ҷараёни он ӯ бо президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарияти сохторҳои қудратии ҳукумат дидору гуфтушунид мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Бо назардошти раёсати ҳозираи Тоҷикистон дар СААД, дар гуфтушунидҳо масоили ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар доираи Созмон ва дурнамои густариши минбаъдаи робитаҳои бисёрсоҳавӣ дар он баррасӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки соли 2021 раёсат дар СААД ба Тоҷикистон гузашт. Дар ин робита, нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмон (Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) тобистони ҳамин сол дар Душанбе баргузор мешавад.

Мансаби Дабири кулли Созмонро Станислав Зос аз 1 январи сооли 2020 бар дӯш дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.