Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории се озмун беш аз 7,7 млн сомонӣ ҷудо кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 феврал дар бораи баргузории се озмуни умуиҷумҳуриявӣ дар соли равон амрҳо ба имзо расонид. Тавре дафтари матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” гузаронида мешаванд. Ба сохторҳои марбута дастур дода шудааст, ки барои […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 феврал дар бораи баргузории се озмуни умуиҷумҳуриявӣ дар соли равон амрҳо ба имзо расонид.

Тавре дафтари матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” гузаронида мешаванд.

Ба сохторҳои марбута дастур дода шудааст, ки барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмунҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Ба Вазорати молия супориш дода шудааст, ки барои баргузории озмуни“Тоҷикистон-Ватани азизи ман” 2 млн 540 ҳазор сомонӣ, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” – 2 млн 835 ҳазор сомонӣ ва “Илм-фурӯғи маърифат” 2 млн 345 ҳазор сомонӣ ҷудо кунад.

Бо амрҳои президенти кишвар дар умум барои баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ 7 млн 720 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Гуфта мешавад, назорати иҷрои амрҳои мазкур ба зиммаи муовинони сарвазири ҷумҳурӣ (сарпарастони соҳа) вогузор мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.