Президенти Қирғизистон гуфт, ки ба Тоҷикистон сафар карданист

Санаи дақиқи нахустин сафари президенти тозаинтихоби Қирғизистон Содир Жапаров ба Душанбе пас аз боздидаш аз Тошканд маълум мешавад. Сафари Содир Жапаров ба Ӯзбекистон рӯзҳои 11-12 март баргузор мешавад, хабар медиҳад АКИpress бо истинод ба гуфтаҳои вазири корҳои хориҷӣ Руслан Казакбоев. Ба гуфтаи ӯ, ба унвони Жапаров аз сарони дигар кишварҳо бисёр даъватномаҳо расидааст. “Дар суханронии […]

Санаи дақиқи нахустин сафари президенти тозаинтихоби Қирғизистон Содир Жапаров ба Душанбе пас аз боздидаш аз Тошканд маълум мешавад.

Сафари Содир Жапаров ба Ӯзбекистон рӯзҳои 11-12 март баргузор мешавад, хабар медиҳад АКИpress бо истинод ба гуфтаҳои вазири корҳои хориҷӣ Руслан Казакбоев.

Ба гуфтаи ӯ, ба унвони Жапаров аз сарони дигар кишварҳо бисёр даъватномаҳо расидааст.

“Дар суханронии худ президент изҳор дошт, ки мехоҳад сафарҳои аввалинро ба кишварҳои ҳамсоя – Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Чин анҷом диҳад”, – иброз доштааст Казакбоев.

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон илова намудааст, ки ҷадвали сафарҳо баъди боздид аз Ӯзбекистон таҳия мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Содир Жапарови рӯзи 10 январ ба мансаби президенти Қирғизистон интихобшуда охири моҳи феврал аз Русия ва аввали моҳи март аз Қазокистон боздид кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.