Касе, ки мегуфтанд тиллову долларҳои қочоқӣ ба Тоҷикистон моли ӯянд, дигар муовини порлумони Афғонистон нест

Муҳаммад Мирзо Катавозай муовини акнун собиқи раиси Маҷлиси намояндагон (Вулуси ҷирга)-и Афғонистон, ки  Телевизиони “1”-и ин кишвар ӯро соҳиби 90 кг тиллову 15 млн доллари қочоқии ошкоршуда дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе номида буд, дар интихоботи дарунмаҷлисии порлумони Афғонистон мақоми худро аз даст додааст.  Мутобиқи қонунгузории Афғонистон дар ҳайати идорӣ (раҳбарӣ)-и Маҷлиси намояндагони ин кишвар ҳар […]

Муҳаммад Мирзо Катавозай муовини акнун собиқи раиси Маҷлиси намояндагон (Вулуси ҷирга)-и Афғонистон, ки  Телевизиони “1”-и ин кишвар ӯро соҳиби 90 кг тиллову 15 млн доллари қочоқии ошкоршуда дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе номида буд, дар интихоботи дарунмаҷлисии порлумони Афғонистон мақоми худро аз даст додааст. 

Мутобиқи қонунгузории Афғонистон дар ҳайати идорӣ (раҳбарӣ)-и Маҷлиси намояндагони ин кишвар ҳар сол (то поёни давраи ваколати маҷлис) як бор интихобот баргузор мешавад. Дар интихоботи нави ҳайати идорӣ Аҳмад Ҷовид Ҷайҳун ба ҷойи Мирзо Катавозай муовини нахусти раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон интихоб шудааст. 

Қазияи қочоқи 90 кг тилло ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баҳсҳои фаровоне дар Тоҷикистон дошт. Ин миқдор тилло ва арзи хориҷӣ дар Тоҷикистон миёнаҳои моҳи ноябри соли 2020 дар фурудгоҳи Душанбе ошкор шуда буд, ки ахиран бино ба гуфтаи мақомоти қудратии Тоҷикистон ин парвандаро Додситонии кулли Тоҷикистон пеш мебарад ва 9 нафар – 7 шаҳрванди Тоҷикистон ва 2 шаҳрванди Афғонистон боздошт шудаанд. 

Парвандаи ин қазия ба Додгоҳи олии Тоҷикистон рафтааст, вале то кунун ҳукми додгоҳ содир нашудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.