Туркия барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон қоидаҳои нав ҷорӣ мекунад

Мувофиқи талаботи нави ВКД Туркия, муҳлати амали шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба қаламрави ин кишвар ворид мешаванд, бояд на камтар аз 150 рӯз бошад. Қаблан муҳлати амали шиносномаи шаҳрвандони Тоҷикистони ба Туркия парвозмекарда на камтар аз 180 рӯз муқаррар шуда буд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод. Ёдрас мекунем, […]

Мувофиқи талаботи нави ВКД Туркия, муҳлати амали шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба қаламрави ин кишвар ворид мешаванд, бояд на камтар аз 150 рӯз бошад. Қаблан муҳлати амали шиносномаи шаҳрвандони Тоҷикистони ба Туркия парвозмекарда на камтар аз 180 рӯз муқаррар шуда буд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод.

Ёдрас мекунем, ки айни замон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа бо хатсайри Душанбе-Истанбул-Душанбе парвозҳо анҷом медиҳад. Вақти парвоз аз Душанбе соати 06:20 ва аз Истанбул – соати 11:05 бо вақти маҳаллӣ.

Бар асоси талабот, кулли мусофирон ҳатман бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Пеш аз нишасти ҳавопаймо мусофирон бояд анкетаи махсусро (the Passenger Locator Form) пур намуда, дар фурудгоҳи Истанбул ба хадамоти дахлдор супоранд. Тибқи қоидаҳои нави аз ҷониби вазорати тандурустии Туркия муқарраршуда, кулли мусофирони аз 6-сола боло, аз ҷумла мусофирони транзитӣ бояд ҳатман маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, пешниҳод намоянд. Маълумотнома бояд аслӣ бошад ва аз ҷониби лабораторияи акредитатсиядошта бо муҳри муассисаи тиббӣ гирифта шуда бошад.

Ашхоси мубталои вируси СOVID-19 ва шахсоне, ки маълумотномаи гирифтор набудан ба СOVID-19-ро надоранд ба парвоз роҳ дода намешаванд.

Ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Истанбул кулли мусофирон бояд аз санҷиши нишонаҳои коронавирус гузаранд. Мусофироне, ки дар онҳо сирояти СOVID-19 муайян мегардад ё ин ки маълумотномаи натиҷаи манфии ПСР-тестро пешниҳод карда наметавонанд, давоми 7 рӯз дар макони дар анкета дарҷшуда ба карантин гирифта мешаванд.

Агар мусофир пешакӣ макони будубоши худро дар Туркия қайд накарда бошад, дар ҷойи муайянкардаи вазорати тандурустии Туркия ба карантин гирифта мешавад. Дар ҳолати муайян шудани гирифторӣ ба коронавирус  пас аз 7 рӯзи карантин мусофир аз ҳисоби худ ва ё аз ҳисоби ширкати суғуртаи тиббӣ табобати зарурӣ мегирад. Аз ин лиҳоз ҳатман доштани суғуртаи тиббӣ тавсия дода мешавад.

Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки тариқи транзит азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ (Ситоди ҷумҳуриявӣ) бобати вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, зарур мебошад.

Ба шаҳрвандони Туркия, инчунин Амороти Муттаҳидаи Араба ва Ӯзбекистон, ки бо хатсайри Истанбул-Душанбе парвоз мекунанд, иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ барои вуруд ба Тоҷикистон лозим нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.