Абдуҷаббор Раҳмонзода: бояд бо номи худ нависем, ки “фермаи ҷавоб”-мон наноманд

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар умури  рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар як мизи гирди ихтисосии рӯзномаи "Ҷумҳурият" бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик аз фаъол набудани рӯзноманигорону зиёиён дар ҳолатҳои хос барои ҳимоя аз Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат интиқод кардааст.  Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфтааст, ки Тоҷикистон ва раҳбарии он корҳои зиёде мекунад, аммо ҳамеша […]

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар умури  рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар як мизи гирди ихтисосии рӯзномаи "Ҷумҳурият" бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик аз фаъол набудани рӯзноманигорону зиёиён дар ҳолатҳои хос барои ҳимоя аз Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат интиқод кардааст. 

Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфтааст, ки Тоҷикистон ва раҳбарии он корҳои зиёде мекунад, аммо ҳамеша мавриди интиқод қарор мегирад. Ӯ аз ҷумла ба роҳандозии чораҳои муассир дар робита ба бемории ҳамагирии COVID 19 аз сӯйи ҳукумат ва раисҷумҳури Тоҷикистон ишора карда, ёдовар шудааст, ки тадбирҳои судманде андешида шуд.

"Аммо, мутаассифона, боз ҳам мебинем, ки,  хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, нисбат ба Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат назари манфӣ доранд. Вале  зиёиёни миллат, рӯзноманигорон, он тавре ки зарур аст, дар ин ҳолатҳо  фаъол нестанд",-изҳори таассуф кардааст ёрдамчии Президент. 

Ёрдамчии идеологии раисҷумҳур гуфтааст, ки зиёиён бояд ба навиштаҳои зидди Тоҷикистон аз номи худ посух гӯянд, то онҳо нагӯянд, ки ин посухҳои "фермаи ҷавоб" аст. 

"Солҳои охир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам шабакаҳои телевизионии бурунмарзӣ зидди  Тоҷикистон барномаҳои гуногун омодаву пахш мешаванд. Албатта, онҳо манбаи маблағгузорӣ доранд ва барои ин маблағҳои ҳангуфт ҷудо мегардад, аммо журналистони мо дар ҷавоб хомӯшанд. Вақти он расидааст, ки ҳамаи расонаҳои кишвар дар ин ҳолат муттаҳид бошанд. Танҳо дар ин сурат метавон зидди чунин ҷангҳои иттилоотӣ мубориза бурд. Дар ин ҳолат бояд, ки аз номи худ ҷавоб гӯем, то рақибонамон нагӯянд, ки ин ҳамаро «фермаи ҷавоб» омода сохтааст".

Раҳмонзода гуфтааст, ки нодида гирифтани заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи инсоф нест. Ӯ гуфтааст, ки  "чанд рӯз пеш яке аз шахсиятҳои сиёсии кишвари хориҷӣ гуфт, ки  Тоҷикистон ба сифати як вилоят бояд, ки ба давлати дигаре тобеъ бошад. Албатта, мо  мухолифи ин андешаем ва дар ин ҳолат бояд, ки ҳатман ҷавоби дуруст бигӯем. Нагузорем, ки Конститутсия, шаъну шарафи Тоҷикистон ва Пешвои миллатамонро паст зананд".

Ин ишораи Раҳмонзода зоҳиран ба Владимир Жириновский  раиси ҳизби либерол-демократии Русия аст, ки чанде пеш дар як суҳбат бо радиои "Говорит Москва" гуфта буд, ки 14 ҷумҳурии собиқ Шӯравиро бояд ба ҳайати Русия шомил намуд ва ӯ ҷумла пешниҳод карда буд, ки Тоҷикистон бояд ҳамчун вилояти Душанбе ба Русия шомил шавад.

Дар ин мизи гирд ба ҷуз Абдуҷаббор Раҳмонзода, ҳамчунин Хуршед Зиёӣ, мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва профессор Мурод Муродӣ, устоди факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳам ширкат кардаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.