Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳи оҳани Бекобод-Конибодом-Қӯқандро барқӣ мекунанд

Идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон имзои созишномаро дар бораи сохтмони хати интиқоли барқ дар паҳлӯи қитъаи роҳи оҳан дар шимоли Тоҷикистон – Бекобод-Конибодом-Бекобод ба нақша гирифтаанд. “Ҷараёни муофиқасозии қарордод дар арафаи анҷомёбӣ буда, ба имзо расиданаш оянда наздик дар назар аст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”. Дар ширкат қайд карданд, […]

Идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон имзои созишномаро дар бораи сохтмони хати интиқоли барқ дар паҳлӯи қитъаи роҳи оҳан дар шимоли Тоҷикистон – Бекобод-Конибодом-Бекобод ба нақша гирифтаанд.

“Ҷараёни муофиқасозии қарордод дар арафаи анҷомёбӣ буда, ба имзо расиданаш оянда наздик дар назар аст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”.

Дар ширкат қайд карданд, ки корҳои пешакӣ барои амалисозии лоиҳаи мазкур аз ҷониби мутахассисони ҳар ду ҷониб ҳанӯз соли гузашта оғоз гардида, имконоти татбиқи ин ният баррасӣ шудааст.

Таъкид шуд, ки гузаштан ба истифодаи ҳаракат ба воситаи барқ ба манфиати ҳар ду ҷониб мувофиқ аст: хароҷоти боркашиву мусофиркашӣ кам мешавад, партоби маводи зараровар ба фазо аз сӯзонидани ангишт аз байн меравад, шумори қатораҳо зиёд мешавад, ки ба афзоиши даромади ҳар ду тараф мусоидат мекунад.

Зимнан илова шуд, ки тафсилоти масъала, аз ҷумла шартҳои созишнома танҳо баъди имзои санад дасрас хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Sputnik Тоҷикистон бо истинод ба як манбаи номбарнашуда хабар медиҳад, ки ҷонибҳо аллакай қарордодро ба имзо расонидаанд, ки мувфиқи он Тошканд сохтмони хати интиқоли барқро дар қаламрави вилояти Суғд пурра ба уҳдаи худ мегирад.

“Тибқи маълумоти дастпасшуда, сохтмони хати итиқоли барқ барои транзити қатораҳо аз сарҳади ноҳияи Спитамен то истгоҳи Конибодом дар Тоҷикистон зиёда аз 108 километрро ташкил медиҳад”, – омадааст дар хабар.

Роҳиоҳанчии собиқадори тоҷик Усмон Қаландаров, ки айни замон бознишаста аст, қайд кардааст, ки ин лоиҳа ҳанӯз замони солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) тарҳрезӣ шуда буд.

Ба гуфтаи ӯ, татбиқи лоиҳаи барқӣ кардани қитъаи роҳи оҳани мазкур дар се марҳила пешбинӣ гардида буд: Тошканд-Бекобод (дар сарҳади ғарбии вилояти Суғд); Бекобод-Конибодом ва Конибодом-Қӯқанд.  

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.