Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон

Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон ва қарорҳои ҳукумати кишвар дар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Асомуддин Ахмедов аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оид ба ақибгоҳ озод гардида, Раҷаб Саодатзода ба ин вазифа таъин гардид. Дар асоси қарорҳои ҳукумати ҶТ муовини якум ва […]

Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон ва қарорҳои ҳукумати кишвар дар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Асомуддин Ахмедов аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оид ба ақибгоҳ озод гардида, Раҷаб Саодатзода ба ин вазифа таъин гардид.

Дар асоси қарорҳои ҳукумати ҶТ муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз вазифа озод гардида, ба ҷойи онҳо нафарони тоза таъин шудаанд.

Ҳотамшо Латифзода муовини якум, Имомалӣ Иброҳимзода ва Сулаймон Исозода муовинони нави раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон таъин шудаанд.

Дар мувофиқа бо сарвари давлат сардорони шуъбаҳои ВКД дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз вазифа озод гардида, дар баъзе аз раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорат низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтанд.

Дар воҳидҳои сохторӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, сардорони Раёсатҳо, қисмҳои низомӣ, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.