Раҳмон ва Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон байни сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Русия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифт. Тибқи маълумоти дафтари матбуоти Кремл, зимни суҳбат масоили мубрами дуҷониба, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон, рафти омодагӣ ба нишасти СҲШ дар Душанбе ва иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД баррасӣ шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, […]

Бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон байни сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Русия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифт.

Тибқи маълумоти дафтари матбуоти Кремл, зимни суҳбат масоили мубрами дуҷониба, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон, рафти омодагӣ ба нишасти СҲШ дар Душанбе ва иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД баррасӣ шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, дар оғози суҳбат президенти Русия дар иртибот ба даргузашти хоҳари Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ изҳори тасаллии амиқ кард.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия мубодилаи афкор намуданд.

“Ба мувофиқа кардани ҷадвали мулоқот ва тамосҳои дар сатҳи олӣ пешбинишуда ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар сиғаи ҳамкориҳои бисёрҷониба таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Дар ин замина, ҷонибҳо ҷараёни омодагиро ба сафари расмии қарибулвуқӯи президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор доданд”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, сарони ҳарду давлат оид ба талошҳои минбаъдаи тарафҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози ақида намуданд.

Дар робита ба мушкилоти Афғонистон сарони кишварҳо бо изҳори нигаронӣ дар бораи рушди ташвишовари вазъ дар ин кишвар суҳбат карданд. Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд ҳам ҳамоҳангсозии зичи амалҳои ҷонибҳо дар ин самт ба мувофиқа расиданд.

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко изҳор доштааст, ки вилоятҳои шимолии Афғонистон босуръат ба нуқтаи нави доғ табдил меёбанд.

“Қариб ҳамаи марз бо Тоҷикистон аз ҷониби Толибон назорат мешавад. Созмонҳои сершумори террористии байнулмилаӣ, аз қабили Давлати исломӣ ва шуъбаҳои “Ал-Қоида” низ мавқеи худро таҳким мебахшанд”, – иброз доштааст ӯ дар мусоҳиба ба РИА Новости.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки террористон аз мавзеъҳои амалиёти ҷангӣ дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ ба ин минтақа ворид мешаванд.

"Ҷараёни ҷалби одамон аз Осиёи Марказӣ ба сафи чунин созмонҳо дар марҳилаи фаъол аст. Истеҳсоли маводи мухаддир ба ҳадди рекордӣ расидааст", – шарҳ додааст вазъиятро Руденко.

Дипломат бар ин назар аст, ки вазъияти ҷараёндошта дар Афғонистон таҳдиду хатари мустақим ба минтақаи Осиёи Марказист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.