Хизматрасонии ҳудуди 97% қарзи берунаи Тоҷикистонро ҳукумат таъмин мекунад

Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли равон ҳудуди 3 млрд 256 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Дар сохтори қарзи хориҷии кишвар 3 млрд 151 млн доллараш қарзи бевоситаи давлатӣ аст, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад. Ҳаҷми қарз бо кафолати давлат 96,3 млн доллар ва қарзи корхонаҳои […]

Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли равон ҳудуди 3 млрд 256 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Дар сохтори қарзи хориҷии кишвар 3 млрд 151 млн доллараш қарзи бевоситаи давлатӣ аст, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад.

Ҳаҷми қарз бо кафолати давлат 96,3 млн доллар ва қарзи корхонаҳои давлатӣ бе кафолати ҳукумат 31,5 млн долларро ташкил медиҳанд.

Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) назди Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) барои дастгирии тавозуни пардохтӣ ба 5,6 млн доллар баробар аст.

Ҳамчунин БМТ ба Бонки исломии рушд (1,7 млн доллар) ва ҳукумати Чин (1 млн доллар) қарздор аст.

“Хати сурх”

Дар ҳамин ҳол, таносуби қарзи беруна нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 38,2%-ро ташкил медиҳад, яъне бевосита дар наздикии ба истилоҳ “хати сурх” қарор дорад, ки барои кишварҳои дорои даромади паст, аз ҷумла Тоҷикистон дар сатҳи 40% муқаррар шудааст.

Дар сурати ба ин нишондиҳанда расидан, ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ маъмулан бинобар сабаби минбаъд қодир набудан ба пардохт аз додани қарз худдорӣ мекунанд.

Агар ин ё он ниҳоде чунин имкон дошта бошад, танҳо ба таври кумаки бебозгашт маблағ ҷудо карда метавонад.

Ба киҳо аз ҳама зиёдтар қарздорем?

Қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин (зиёда аз 1,2 млрд доллар) мебошад. Қарзҳо аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) дар бозорҳои байнулмилалии молиявӣ 500 млн долларро ташкил медиҳад.

Инчунин назди Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва ХБА низ қарзҳо дар ҳаҷми начандон зиёд вуҷуд доранд.

Нимсолаи аввал барои пардохти қарзи хориҷӣ 115,1 млн доллар маблағ равона гардид, аз ҷумла 77,4 млн доллар барои пардохти қарзи асосӣ ва 37,7 млн доллар барои пардохти фоизҳо.

Давоми сол ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки ба маблағи 453 млн доллар қарзи хориҷӣ дастрас намояд.

Дар маҷмӯъ, ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон (бо назардошти қарзи дохилӣ) то 1 июли соли равон 3,8 млрд долларро ташкил дод, ки ба 44,6%-и ММД-и ҷумҳурӣ баробар аст.

То 1 июли соли 2021 ҳаҷми қарзи дохилӣ 500 млн долларро ташкил дод, ки ба 13% аз ҳаҷми умумии  қарзи давлатӣ баробар мебошад.

Дар сохтори қарзи дохилии ҷумҳурӣ зиёда аз 40% ба векселҳо (васиқаҳо)-и давлатӣ рост меояд, ки барои дубора маблағгузорӣ ба ду бонки кишвар – “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” нашр шуда буданд. Ин ду бонк айни замон дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Ҳамчунин дар сохтори қарзи дохилии кишвар барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти гуногуни давлатӣ облигатсияҳо (вомбаргҳо) ва векселҳои Вазорати молия низ вуҷуд доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.