Изҳороти Тоҷикистон: теъдоди зиёди паноҳҷӯёну фирориёни Афғонистонро пазируфтан наметавонем

Душанбе изҳор дошт, ки дар давоми 20 сол ба Тоҷикистон ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз ҷониби ягон созмону ташкилотҳои байналмилалӣ кумаки амалӣ эҳсос карда нашудааст. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 1 сентябр бо роҳбари Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо (UNHCR) Мулугета Зевди дидору гуфтушунид кард. Тавре маркази […]

Душанбе изҳор дошт, ки дар давоми 20 сол ба Тоҷикистон ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз ҷониби ягон созмону ташкилотҳои байналмилалӣ кумаки амалӣ эҳсос карда нашудааст.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 1 сентябр бо роҳбари Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо (UNHCR) Мулугета Зевди дидору гуфтушунид кард.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти кор бо гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз Афғонистон, роҳҳои муфиди ҳифзи ин гурӯҳи осебпазири аҳолӣ ва расонидани кӯмак ба онҳо табодули афкор намуданд.

Рамазон Раҳимзода изҳор намуд, ки танҳо дар 15 соли охир Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор гурезаҳои афғонро қабул намуда, инчунин баъди аз ҷониби толибон тасарруф гардидани Кобул, ҳудуди 5 ҳазор нафар низомиёни афғон сарҳади Тоҷикистонро убур карданд.

“Давоми як ҳафта онҳо дар Тоҷикистон бо шароити мусоид таъмин карда шуда, сипас бо роҳи осоишта ба ватан баргардонида шуданд”, – иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи вазир, айни замон дар минтақаи дахлнопазири сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон 80 оила бо фарзандони худ ҳузур дошта, аз тарсу ваҳми қасди кушторашон хоҳиши ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд.

“Номуайянии қудрати сиёсӣ, надоштани назорати пурра аз болои гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҳолати бади башардӯстона дар ин кишвар эҳтимоли вуруди террористону силоҳ, муҳимоти ҷангӣ ва маводи мухаддирро зиёд мекунад”, – изҳори нигаронӣ кард вазир.

Дар ҳамин ҳол, ӯ ба ҳамсуҳбати худ хабар дод, ки бо мақсади сохтани лагерҳо ҷиҳати қабулу бо шароити мусоид таъмин кардани гурезаҳо  Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритуз, Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва ВМКБ 70 га замин ҷудо кард.

Вазир таъкид дошт, ки давоми 20 сол ба Тоҷикистон ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз ҷониби ягон созмону ташкилотҳои байналмилалӣ кумаки амалӣ эҳсос карда нашудааст.

“Бинобар ин дар ҳудуди Тоҷикистон имконияти қабули зиёди гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагон вуҷуд надорад”, – таъкид дошт Рамазон Раҳимзода.

Ӯ ба UNHCR пешниҳод намуд, ки дар мадди аввал барои таъмиру таҷдиди «Маркази муваққатии қабул ва бақайдгирии гурезагон ва шахсони паноҳҷӯянда» дар ноҳияи Ҷайҳун ва фароҳам овардани шароити мусоид барои қабул ва ҷобаҷокунии гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда кумак карда шавад.

Раҳимзода зикр кард, ки хадамоти дахлдори Тоҷикистон гурезаҳоро қабул, омӯзиш ва ба қайд мегирад, аз ташхиси коронивирус мегузаронад, бо онҳо сӯҳбатҳои инфиродӣ мегузаронад, шахсияти онҳоро муайян мекунад, то аъзои созмонҳои террористӣ зери ниқоби паноҳанда вориди Тоҷикистон нашаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.