Сафири нави Тоҷикистон дар Анқара бо Эрдуғон мулоқот кард

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов 1 сентябр ба президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эътимодномаи худро супорид. Тавре Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, сафири Тоҷикистон таманниёти неки президенти  ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба президенти Туркия расонид. Гуфта мешавад, зимни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ёдрас мекунем, […]

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов 1 сентябр ба президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эътимодномаи худро супорид.

Тавре Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, сафири Тоҷикистон таманниёти неки президенти  ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба президенти Туркия расонид.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки 5 июл бо фармони президент сафири Тоҷикистон дар Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз ин мансаб озод карда шуда, ба ин вазифа домоди президент Ашрафҷон Гулов таъин шуд.

Қобили зикр аст, ки Ашрафҷон Гулов ҳамсари духтари президенти Тоҷикистон мебошад. Қаблан ба ҳайси консули Тоҷикистон дар Русия фаъолият намуда, то таъинот ба ин мансаб роҳбари яке аз раёсатҳои ВКХ Тоҷикистон буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.