Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки ба қишри ниёзманди аҳолии Душанбе кумак расонида шавад

Бо дастури раиси шаҳри Душанбе дар остонаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимони кулли муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе кумаки якдафъаинаи молиявӣ расонида мешавад. Дар қарори раиси пойтахт гуфта мешавад, расонидани кумаки молиявӣ ба шахсони дар […]

Бо дастури раиси шаҳри Душанбе дар остонаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимони кулли муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе кумаки якдафъаинаи молиявӣ расонида мешавад.

Дар қарори раиси пойтахт гуфта мешавад, расонидани кумаки молиявӣ ба шахсони дар боло зикршуда аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ сурат мегирад.

Таъмини иҷрои қарори мазкур ба зиммаи раисони ноҳияҳои пойтахт вогузор шудааст.

Ба иттилои як манбаи “Азия-Плюс дар шаҳрдории пойтахт, ҳоло маълум нест ба ҳар кадоме аз шахсони гурӯҳҳои дар боло зикршуда чӣ миқдор кумаки молиявӣ дода мешавад.

“Ҳамааш ба он вобаста хоҳад буд, ки аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ мешавад”, – иброз дошт манбаъ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.