Дар мусобиқа бахшида ба 30-солагии Истиқлолият гуштингирон автомашина бурд карданд

Дар маҷмааи Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ – гуштингирӣ баргузор шуд. Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон ширкат […]

Asia-Plus

Дар маҷмааи Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ – гуштингирӣ баргузор шуд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, рақобатҳо дар вазнҳои 60кг, 70кг, 80кг, 90кг, +90кг миёни мардон ва вазни 65кг миёни бонувон ҷараён гирифта, ба ғолибони ҳар шаш вазн шоҳҷоиза – автомобил, ба барандагони медалҳои нуқра, 3000 доллари ИМА ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 доллари ИМА тақдим гардид.

Дар 4 вазн аз 6-то медалҳои тилло ва автомашинаҳо насиби гуштингирони тоҷик шуд – Хайрандеш Муродзода (60 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (70 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг) ва Темур Раҳимов (+90 кг).

Дар вазни то 80 кило байни мардон намояндаи Ӯзбекистон Умар Бозоров ва дар взани 65 кило миёни занон ҷоизаи асосиро Камила Бобурова аз Русия ба даст оварданд.

Ҳақдод Гулов (60 кг), Муллораҷаб Халифаев (70 кг), Ҳамроз Раҷабов (80 кг), Комроншоҳ Устопириён (90 кг, ҳама Тоҷикистон), Бекмурод Олтибоев (+90 кг, Ӯзбекистон), Шаҳида Қаландарова (занон, 65 кг, Тоҷикистон) ба дарёфти медалҳои нуқраи мусобиқа шарафёб гардиданд.

Ба дарёфти медалҳои бириниҷии мусобиқа варзишгарони зерин ноил гардиданд:  вазни 60 кг – Сорбон Латифов (Тоҷикистон) ва Барим Муҳаммадӣ (Эрон); вазни 70 кг – Аҳмад Масъуд (Тоҷикистон) ва Дилшод Ҷӯраев (Ӯзбекистон); вазни 80 кг – Муҳаммад Абдуҷалилов ва Ҳайдар Саидакбарзода (ҳар ду – Тоҷикистон); вазни 90 кг – Георгий Попунашвили (Гурҷистон) ва  Ҷонибек Козоков (Ӯзбекистонн); вазни + 90 кг – Шарифҷон Назриев (Тооҷикистон) ва Иброхим Шаҳриёр (Эрон); Ҷонона Назарова (занон, 65 кг, Тоҷикистон) и Жанара Кашкин (занон, 65 кг, Қазоқистон).

Ҳамчунин ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бештари медалҳоро ба даст овард, ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 1000 доллари ИМА супорида шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин дуюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ – гуштингирӣ дар Тоҷикистон аст. Сабқати аввал моҳи июни имсол ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.