Дар метрои Маскав раҳнамоҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ пайдо шуданд

Раҳнамоҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дар истгоҳи метрои “Лесопарковая”-и хатти Бутовскии метрополитени Маскав пайдо шуданд. Дар ин бора дар шабакаи Telegram-и РБК хабар дода мешавад. Ин манбаъ аксҳоеро нашр кардааст, ки дар он дида мешавад матн дар лавҳаҳо ва дарҳо ба забонҳои тоҷикӣ (кириллӣ) ва узбакӣ (лотинӣ) навишта шудааст. Автобусҳо аз истгоҳи Лесопарковая то […]

Раҳнамоҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дар истгоҳи метрои “Лесопарковая”-и хатти Бутовскии метрополитени Маскав пайдо шуданд. Дар ин бора дар шабакаи Telegram-и РБК хабар дода мешавад.

Ин манбаъ аксҳоеро нашр кардааст, ки дар он дида мешавад матн дар лавҳаҳо ва дарҳо ба забонҳои тоҷикӣ (кириллӣ) ва узбакӣ (лотинӣ) навишта шудааст. Автобусҳо аз истгоҳи Лесопарковая то маркази муҳоҷират равуо мекунанд.

Қаблан муовини шаҳрдори Маскав оид ба сиёсати иқтисодӣ ва муносибатҳои амволӣ ва замин Владимир Ефимов аз камбуди ҷиддии муҳоҷирони корӣ дар ин шаҳр хабар дода, изҳор дошта буд, ки ҳоло пойтахти Русия ба 200 ҳазор коргари хориҷӣ ниёз дорад.

Мансабдор зикр карда буд, ки дар шароити кунунӣ сохтмончиён ва корфармоёни дигар "коргаронро аз якдигар дубора мехаранд", ки ба болоравии арзиши кори муҳоҷирон боис мегардад.

Ефимов ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздик маҳдудиятҳои вуруди муҳоҷирони корӣ ба Русия сабук карда мешаванд.

Пеш аз ин президенти Русия Владимир Путин камбуди коргаронро дар тамоми бахшҳои иқтисоди кишвар зикр карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.