Лигаи қаҳрамонҳои КФО: шикасти “Истиқлол” аз “Персеполис”

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар вохӯрии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО)-2021 аз тими “Персеполис”-и Эрон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Нимаи аввали дидор бо ҳамлаҳои мутақобил сурат гирифта, аммо дастаҳо натавонистанд ҳисобро кушоянд. Дар нимаи дуюми вохӯрӣ низ «Истиқлол» хуб дифоъ карда, имконоти голзанӣ фароҳам овард, аммо дар дақиқаи охирини вақти […]

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар вохӯрии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО)-2021 аз тими “Персеполис”-и Эрон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Нимаи аввали дидор бо ҳамлаҳои мутақобил сурат гирифта, аммо дастаҳо натавонистанд ҳисобро кушоянд.

Дар нимаи дуюми вохӯрӣ низ «Истиқлол» хуб дифоъ карда, имконоти голзанӣ фароҳам овард, аммо дар дақиқаи охирини вақти асосӣ ба бозигари меҳмонон Меҳди Туробӣ муяссар шуд, ки тӯбро ба дарвозаи соҳибони майдон ворид кунад, хабар медиҳад дафтари матбуоти "Истиқлол".

Ба ин тариқ, қаҳрамони Тоҷикистон дар мавсими аввали ҳунарнамоии худ дар даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО бори нахуст дар таърихи футболи ҷумҳурӣ ба натиҷаи шоиста ноил гардид.

Ин бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе бо ҳузури ҳудуди 20 ҳазор нафар тамошобин баргузор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.