Лукашенко, Токаев ва Норов ба Тоҷикистон омаданд

Имрӯз, 15 сентябр, раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Беларус Александр Лукашенко ва дабири кулли Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) Владимир Норов ба Тоҷикистон омаданд. Дар ин бора, АМИТ “Ховар” хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки президенти Беларус Александр Лукашенко бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст. Ҳамчунин, ӯ дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) […]

Имрӯз, 15 сентябр, раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Беларус Александр Лукашенко ва дабири кулли Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) Владимир Норов ба Тоҷикистон омаданд. Дар ин бора, АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки президенти Беларус Александр Лукашенко бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Ҳамчунин, ӯ дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ, ки ба 20-умин солгарди таъсиси ин созмон бахшида шудааст, ширкат хоҳад кард.

Ҳадафи сафари Токаев ва Норов ба Тоҷикистон танҳо ширкат дар иҷлосияҳои СААД ва СҲШ гуфта мешавад.

Лукашенко ва Токаевро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва  Норовро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим истиқбол намуданд.

Ёдовар мешавем, 16-17 сентябр дар шаҳри Душанбе иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ баргузор хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.