Биҳишти меваҳо. Зиёфати ғайрирасмии Эмомалӣ Раҳмон барои сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД

Шоми 16 сентябр дар бӯстонсарои ҳукумат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сарони давлатҳои аъзои СААД ва СҲШ, инчунин меҳмонони фахрии ин чорабиниҳо зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт. Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо меҳмонони олимақоми Тоҷикистон – сарони […]

Asia-Plus

Шоми 16 сентябр дар бӯстонсарои ҳукумат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сарони давлатҳои аъзои СААД ва СҲШ, инчунин меҳмонони фахрии ин чорабиниҳо зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо меҳмонони олимақоми Тоҷикистон – сарони кишварҳои Беларус – Александр Лукашенко, Ӯзбекистон –  Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон –  Қосим-Жомарт Токаев, Қирғизистон – Садир Жапаров ва сарвазирони Арманистон –  Никол Пашиня ва Покистон – Имрон Хон, инчунин дигар меҳмонон дар бӯстонсаройи ҳукумати Тоҷикистон ба сайругашти шомгоҳӣ баромаданд.

Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

“Сарони давлатҳо ва дигар меҳмонони фахрӣ аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зоҳир шуд, қаноатманд гардиданд ва бори дигар ба имконоту захираҳои фаровони кишвари мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкмеваҳо, инчунин намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат аз наздик шинос шуданд, – менависад хадамоти матбуоти сарвари давлат. – Меҳмонони олиқадр бо эҳсоси баланд ба табиати зебои Тоҷикистон ва таомҳои миллию меҳмондории тоҷикӣ шефта будани худро иброз доштанд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.