91 млн доллар барои роҳи Ховалинг-Тавилдара. Баҳси роҳҳо дар порлумон

Вакилони парлумони Тоҷикистон созишнома миёни Тоҷикистон ва Бунёди Кувейтии рушди иқтисодиро ба тасвиб расониданд, ки дар доираи он кӯмаки бебозгашт барои таҳияи арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаи роҳи мошингарди Ховалинг–Тавилдара карда мешавад. Ҳаҷми ин кӯмаки фаннӣ 300 ҳазор динори кувейтӣ (наздики 1 млн доллар) хоҳад буд. Муовини вазири молияи тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, ки дар ҳузури вакилон […]

Вакилони парлумони Тоҷикистон созишнома миёни Тоҷикистон ва Бунёди Кувейтии рушди иқтисодиро ба тасвиб расониданд, ки дар доираи он кӯмаки бебозгашт барои таҳияи арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаи роҳи мошингарди Ховалинг–Тавилдара карда мешавад.

Ҳаҷми ин кӯмаки фаннӣ 300 ҳазор динори кувейтӣ (наздики 1 млн доллар) хоҳад буд.

Муовини вазири молияи тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, ки дар ҳузури вакилон созишномаро муаррифӣ мекард, гуфт асоснокунии фанниву иқтисодӣ ва таҳияи таҳрезии муфассали лоиҳа аз сӯйи ширкати кувайтӣ ва ширкати миллӣ амалӣ мегардад.

– Фармоишгарӣ лоиҳа Вазорати нақлиёти Тоҷикистон буда, иҷрокунанда лоиҳа Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Душанбе –Чаноқ мебошад. Роҳи лоиҳавӣ бо дарозии 70 км дар қисмати ҷанубу шарқии Тоҷикистон ҷойгир буда, роҳи автомобилгарди Кулоб-Қалъаи Хумбро бо роҳи Лаби ҷар-Сангвор Қалъаи Хумб пайваст менамояд,- гуфт Маҷиди Юсуф.

Муовини вазири молияи Тоҷикистон бовар дорад, ки сохтмони роҳи автомобилгардӣ Ховалинг-Тавилдара имкон медиҳад, ҳаракати бехатар ва доимии воситаҳои нақлиёт байни минтақаҳои кӯҳӣ, марказҳои ноҳия, вилоят ва пойтахт амалӣ шавад.

Вале вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода дар пасманзари сохтмони роҳи нав ба Вазорати нақлиёт талаб намуд, ки механизми идораи назорат ва нигоҳубини роҳҳо, аз ҷумла роҳе ки дар оянда сохта мешавад, аз нав ба роҳ монда шавад, чунки вақтҳои охир вазъи роҳҳои навсохт дар кишвар нигаронкунанда аст.

Роҳи Ховалинг-Тавилдара кай сохта мешавад?

Моҳи майи соли равон  ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия супориш дода буд, ки бо Фонди Кувейт дар ин хусус созишномаи дахлдор ба имзо расонад.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, роҳи автомобилгарди Ховалинг-Шугнов-Тавилдара вилояти Хатлонро бо минтақаи назди Помир ва минтақаи Қаротегин тариқи ағбаи Хорсанг пайваст мекунад.

Масофаи роҳи мошингарди Ховалинг – Шугнов – Тавилдара тибқи ин лоиҳа 70 километр ва арзиши сохтмони он 91 млн доллар арзёбӣ мешавад.

Айни замон роҳи мошингарди мустақим байни Ховалинг ва Тавилдара вуҷуд надорад. Барои бо мошин аз як ноҳия ба ноҳияи дигар рафтан ним давр тариқи Данғара, Ваҳдат, Файзобод ва Нуробод гузаштан лозим меояд. Масофаи ин роҳ бошад, ба 348 километр баробар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.