1,5 миллион сомонӣ ва 52 хона: Хисороти пешакии Тоҷикистон аз даргирии 27 январ бо Қирғизистон

Бар асари муноқишаи хунини шаби 27-уми январ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 52 манзили сокинони ҷамоатҳои Чоркӯҳу Сурх қисман ё пурра тахриб шудааст. Ҳамчунин шаҳрдории Исфара зарари расида аз ин даргириҳо ба сокинон ва ноҳияро беш аз 1,5 миллион  сомонӣ ҳисоб кардааст. Шаҳрдории Исфара мегӯяд, ки хисороти пурраро комиссияи вижае, ки ташкил шуааст, дақиқ мекунад.  Шукурхон Насриев, раиси […]

Бар асари муноқишаи хунини шаби 27-уми январ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 52 манзили сокинони ҷамоатҳои Чоркӯҳу Сурх қисман ё пурра тахриб шудааст. Ҳамчунин шаҳрдории Исфара зарари расида аз ин даргириҳо ба сокинон ва ноҳияро беш аз 1,5 миллион  сомонӣ ҳисоб кардааст.

Шаҳрдории Исфара мегӯяд, ки хисороти пурраро комиссияи вижае, ки ташкил шуааст, дақиқ мекунад. 

Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳ субҳи 31-уми январ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, танҳо дар деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аълои ин ҷамоат ба ҳисоби пешакӣ 45 манзили сокинон қисман ё пурра тахриб шуда, як бунгоҳи тиббӣ осеб дидааст. Вай гуфт, манзили сокинон асосан аз зарби тиру гулӯла (снаряд)-и нерӯҳои қирғиз оташ гирифтаву вайрон шудааст.

“Ду ҳавлӣ яке бо се дар хона, пешайвону ошхона, дуюми чаҳор дар хона бо айвону ошхона оташ гирифта, пурра вайрон шудааст. Дохили ин хонаҳо ҷиҳозу дигар лавозимоти қиматбаҳои сокинон комилан сӯхта нобуд шуд. Боқимонда хонаҳо ва як бунгоҳи тиббь дар деҳаи Сомониён дар натиҷаи тиркушоӣ ва партоби гулӯла зарар дидааст”, гуфт раиси ҷамоат.

Ба ҷуз хонаҳои иқоматии сокинон, ҳамчунин дар ин даргириҳо 5 бинои ниҳодҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ошхонаву бунгоҳҳои тиббӣ низ варон шудаанд. 

Комиссия бар асоси ҳисобҳои пешакӣ зарари расидаро чунин ҳисоб кардаст:

Маблағи умумии хисороти расида: ба 27 хонаи иқоматӣ 1 млн. 243 ҳазор 960 сомонӣ; ниҳодҳои дигари иҷтимоӣ  9700 сомонӣ; ба биноҳои дигари сокинон 148 ҳазору 600 сомонӣ ва ба соҳаи энергетика 107200 сомонӣ.

Яке хонаҳои комилан дар коми оташ монда ба Фарҳод Бобоев таъаллуқ дорад. Хонаи ин сокини деҳаи Сомониён, ки наздик ба хонаи қирғизҳо ҷойгир аст, бори дуюм аст, ки пурра тахриб мешавад. Дар муноқишаи охири моҳи апрели соли гузашта низ хонаи ӯро ҷониби қирғизҳо оташ зада буданд ва моҳи июли ҳамон сол бо кӯмаки мақомот пурра барқарор гашта буд. 

Манбаъ мегӯяд, ҳоло хисороти пурраи пулии расида аз муноқишаи ахир маълум нест ва комиссияи созмонёфта аз суйи ҳукумат таҳқиқро оғоз кардааст. Ба гуфти раиси ҷамоати Чоркӯҳ “шояд дар масъалаи барқароркунии хонаҳо тасмиме гирифта шавад”.

Мақомоти шаҳри Исфара чанд рӯз пештар рӯйхати сокинони зарардидаи ҷамоати Сурхро нашр карда гуфта буд, 11 хона дар ин ҷамоат қисман ё пурра дар натиҷаи муноқишаи хунини шаби 27-уми январ зарар дидааст.

Аз ҳукумати Исфара ба “Азия-Плюс” гуфтанд, хонаи сокинони деҳаи Сурх Саидаҳмад Набиев, Абдувосит Хуҷабобоев ва Ҳоҷимухтор Ҳомидов пурра зарар дида дар коми оташ мондааст. Хонаҳои сокинони дигари ин ҷамоат қисман зарар дидааст.

Ба гуфтаи мақомот ҳоло додситони ҳарбӣ тафтишотро оғоз карда ба муайян кардани сабабҳои сар задани муноқишаи ахир пардохтааст.

Дар муноқишаи охири моҳи апрели соли гузашта 29 манзили сокинони деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аъло қисман ё пурра тахриб шуда, баъди ду моҳи ҳодиса мақомот пурра барқарор ва муҷаҳҳаз бо ҳама лавозимоти рӯзғор то “риштаву сӯзан” ба соҳибонаш супурда буд. Мақомот гуфта буд, аз муноқишаи хунини соли гузашта 11 миллиону 901 ҳазору 772 сомонӣ зарар ҳисоб шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.