Натиҷаи гуфтушуниди 7-соатаи Исфара: имзои протокол, истифода накардани дронҳо ва тавофуқҳои дигар

Гуфтушуниди ҳайатҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон, ки субҳи имрӯз, 12-уми март дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара оғоз шуда буд, баъди тақрибан ҳафт соат анҷом ёфт. Миёни фармондеҳони неруҳои марзбонии ду кишвар протокол имзо шуд ва раисони вилоятҳои Суғду Бодканд  ҳам дар чанд масъалаи марбут ба кишоварзӣ ба тавофуқ расидаанд. Бояд гуфт, ки музокироти ҳайатҳои низомӣ ҷудогона […]

Гуфтушуниди ҳайатҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон, ки субҳи имрӯз, 12-уми март дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара оғоз шуда буд, баъди тақрибан ҳафт соат анҷом ёфт. Миёни фармондеҳони неруҳои марзбонии ду кишвар протокол имзо шуд ва раисони вилоятҳои Суғду Бодканд  ҳам дар чанд масъалаи марбут ба кишоварзӣ ба тавофуқ расидаанд.

Бояд гуфт, ки музокироти ҳайатҳои низомӣ ҷудогона ва мулоқоти раисони вилоятҳову шаҳру ноҳияҳои ҳаммарз ҷудогона сурат гирифтааст. Аз ҷумла тавофуқ шудааст, ки ҷонибҳо дигар аз паҳпод (дрон)-ҳо дар нуқтаҳои марзӣ истифода намебаранд. 

Дар ин гуфтушунид миёни фармондеҳони нуруҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва ҳамтои ӯ аз Қирғизистон Уларбек Шаршеев протоколе ба имзо расидааст. Мулоқоти фармондеҳон паси дарҳои баста сурат гирифт ва чанд соат тӯл кашид. То кунун ҷонибҳо расман иттилоъ надодаанд, ки дар чӣ хусусе ба созиш расидаанд.

Аммо яке аз мансабдорони баландпояи ҳукумати вилояти Суғд, бархе аз нуктаҳои протоколи имзошударо дар суҳбат ба “Азия-Плюс” шарҳ дод. Вале ӯ гуфт, ки мушаххасан намедонад, ки дар бандҳои протоколи имзошуда бобати кадоме аз масъалаҳои марзӣ ҷонибҳо ба созиш расидаанд. 

“Фармондеҳони неруҳои марзбонӣ изҳори боварӣ намуданд, ки амнияти ҳарду кишвар дар хатти марзи давлатӣ ҳифз карда мешавад. Минбаъд марзбонони ҳар ду кишвар натиҷаи созишномаи ҳосилшударо риоя мекунанд, то мардум орому осуда дар хатти сарҳад зиндагӣ кунанд”-, мазмунан шарҳ дод, манбаъи “Азия-Плюс”, ки дар макони ба имзо расидани протокол қарор дорад.

Ба ҷузъ фармондеҳони неруҳои марзбонӣ, ҳамчунин имрӯз раисони вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев бо ҳузури муовинони вилоятҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳои ҳаммарз сари мизи музокирот нишастанд. 

Даврон Зоҳидзода, муовини раиси вилояти Суғд ва яке аз ширкаткунандагони ин гуфтушунид дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аз ҷузъиёти протоколи имзошудаи  фармондеҳони неруҳои марзбонӣ хабар надорад, чун дар ҷараёни он иштирок надошт.  Вале ӯ ҷузъиёти чанде аз мавзуъҳои ба тавофуқрасида миёни раисони Суғду Бодкандро шарҳ дод.

Зоҳидзода мегӯяд, раисони вилоятҳо асосан дар масъалаи кишоварзӣ, корҳои хоҷагӣ, тоза кардани каналҳо, обрасонӣ суҳбат карданд, вале дар ин хусус миёни онҳо ягон санаде имзо нашудааст.

“Ба мувофиқа расидем, ки гуруҳҳои корӣ дар доири корҳои кишоварзӣ,  ҳафтаи оянда рӯзи чаҳоршанбе дар сатҳи муовинони раисони вилоятҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, идораҳои кишоварзӣ, хоҷагии об вохӯрӣ мекунанд. То дар оянда пеши роҳи муноқишаҳо гирифта шавад, чун сабаби асосияш корҳои кишоварзӣ, обу замин мешавад. Барои ҳамин ба ин чиз ба мувофиқа расидем ва корбарӣ дар ин самт идома мёбад”- гуфт муовини раиси вилоят.

Вай ҳамзамон илова кард, ки дар масъалаи тоза кардани каналҳо, корҳои кишоварзӣ бояд ҷонибҳо дар марз ҳамдигарро огаҳ карда, баъд ба кор бипардозанд. Раисони шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳад супориш гирифтанд, ки бо раисони ҷамоатҳои ҳаммарз кор кунанд ва бо мардум корҳои фаҳмонидадиҳӣ бигузаронанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо ваъда кардаанд, ки ба кори рабудани чорвои якдигар аз сӯйи сокинон хотима медиҳанд ва дар сурати сар задани ин масоил онро дар сатҳи раисони маҳаллӣ ҳал  мекунанд.

Мулоқоти ҳайатҳои ду кишвари ҳамсоя, субҳи имрӯз бар пайи тирпаронии ду рӯзи ахири неруҳои марзбонии қирғиз ба сӯйи марзбонони тоҷик ва чанд маҳаллаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара оғоз шуда буд.

Бар асари тирпаронии рӯзи 10-уми марти неруҳои Қирғизистон як марзбони тоҷик, Сунатулло Маҳмадов, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон кушта шуда буд ва чанд тани дигар захм бардошта буданд.

Ҳамчунин неруҳои Қирғизистон нимашаби 11-уми март чанд маҳаллаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфараи Тоҷикистонро мавриди тирборони яксоата қарор дода буданд, ки далелаш то кунун маълум нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.