Имкони мунтахаби Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба Ҷоми футболи Осиё-2023 боз хубтар шуд

Дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023 дар гурӯҳи «F», ки дар Бишкек ҷараён дорад, мунтахаби миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 бар дастаи Сингапур ғолиб омад. Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, нимҳимоятгар Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 53-юми вохӯрӣ муаллифи голи ягона ва пирӯзиовар гардид. Дар бозии дигари ин гуруҳ соҳибони майдон – […]

Asia-Plus

Дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023 дар гурӯҳи «F», ки дар Бишкек ҷараён дорад, мунтахаби миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 бар дастаи Сингапур ғолиб омад.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, нимҳимоятгар Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 53-юми вохӯрӣ муаллифи голи ягона ва пирӯзиовар гардид.

Дар бозии дигари ин гуруҳ соҳибони майдон – мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 бар тими Мянмар дастболо шуд.

Қобили зикр аст, ки дар даври аввали ин мусобиқа футболбозони тоҷик дастаи Мянмарро бо ҳисоби 4:0 шикаст доданд. Дар ҷадвали гурӯҳи «F» Тоҷикистону Қирғизистон 6-имтиёзӣ ба даст оварда, лекин аз ҳисоби таносуби тӯбҳо (5:0) Тоҷикистон дар зинаи аввал қарор дорад. Аз ин рӯ, барои зинаи аввалро ишғол намудан дар гурӯҳ дар даври охир барои футболбозони тоҷик натиҷаи мусовӣ ҳам кифоя аст.

Ёдрас мекунем, ки марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023 дар 6 зергурӯҳ доир мегардад. Ғолибон ва 5 дастаи беҳтарини зинаи дуюми гуруҳҳо ба даври финалӣ роҳ меёбанд.

Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 14-уми июн бо тими мизбон –  Қирғизистон бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуда, соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Даври 3-юм

14 июн (сешанбе)

15:30 – Мянмар – Сингапур

20:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Оғози бозӣ бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.