Нимсолаи аввал нақшаи даромади буҷети давлатии Тоҷикистон 102% иҷро шуд

Шоми рӯзи 28 июл таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар маҷлис аз рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар нимсолаи якуми соли 2022 натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо то охири соли 2022 муайян шуданд. Президенти кишвар зикр кард, ки ки бо вуҷуди мушкилоти кунунии […]

Шоми рӯзи 28 июл таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар маҷлис аз рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар нимсолаи якуми соли 2022 натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо то охири соли 2022 муайян шуданд.

Президенти кишвар зикр кард, ки ки бо вуҷуди мушкилоти кунунии ҷаҳони муосир, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронии ҳукумат рушди иқтисоди миллӣ, дар маҷмӯъ, дар сатҳи 7,4 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 46, 2 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Дар моҳҳои январ – июни соли 2022 нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар сатҳи 102 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 15,1 миллиард сомонӣ ворид шуд.

Рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,3 фоиз, кишоварзӣ 7,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 2,5 фоиз, боркашонӣ 18,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 12,8 фоиз, мусофиркашонӣ 11,1 фоиз ва гардиши савдои дохилӣ 8,6 фоиз таъмин гардид.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 сатҳи таваррум 4,1 фоизро ташкил дод, ки ин аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 7 фоиз ва молҳои ғайриозуқа 2,3 фоиз ташаккул ёфтааст.

Дар маҷлиси ҳукумат таъкид гардид, ки дар соли 2021 сатҳи даромаднокии аҳолӣ 23 фоиз боло рафт.

Баъди таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат президенти кишвар барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини пурраву самараноки нақшаҳои давлатӣ ба ҳукумат ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазоратҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Роҳбарияти Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук вазифадор шуданд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷети давлатиро дар соли 2022 таъмин намоянд.

Сарвари давлат супориш дод, ки барои дастгирии буҷети давлатӣ ва соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ доир ба ҷалби маблағҳои иловагӣ, бахусус, грантҳо вусъат бахшанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.