Президенти Тоҷикистон ба нишасти ИА – Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон меравад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти “Иттиҳоди Аврупо (ИА) – Осиёи Марказӣ”, ки рӯзи 2 июн дар Қирғизистон баргузор мешавад, иштирок мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат. Дар нишаст ҳамчунин сарони кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва муовини раиси девони вазирони Туркманистон ширкат меварзанд. Ҷониби Иттиҳоди Аврупоро дар вохӯрӣ президенти Шӯрои Аврупо Шарл […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти “Иттиҳоди Аврупо (ИА) – Осиёи Марказӣ”, ки рӯзи 2 июн дар Қирғизистон баргузор мешавад, иштирок мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Дар нишаст ҳамчунин сарони кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва муовини раиси девони вазирони Туркманистон ширкат меварзанд.

Ҷониби Иттиҳоди Аврупоро дар вохӯрӣ президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел намояндагӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи кори нишаст вохӯрии дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон Садир Жапаров ба нақша гирифта шудааст. Дар бораи кадом масъалаҳоро баррасӣ намудани сарони кишварҳо хабар дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон хабар медиҳад, дар нишаст вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ байни минтақаҳо баррасӣ шуда, оид ба масоили муҳиму рӯзмарраи байнулмилалӣ ва ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо табодули назар сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки аввалин вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел 27 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона баргузор шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.