Душанбе ба баргузории як қатор чорабиниҳои сатҳи байнулмилалӣ омодагӣ мегирад

Омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати дар сатҳи баланди тадорукотӣ баргузор кардани як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ яке аз масъалаҳое буд, ки дар машварати кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар кори машварат аъзои ҳукумат, роҳбарони сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи президент, ёрдамчиёни президент, роҳбарони як қатор идораву кумитаҳои давлатӣ, раиси ВМКБ, […]

Омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати дар сатҳи баланди тадорукотӣ баргузор кардани як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ яке аз масъалаҳое буд, ки дар машварати кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар кори машварат аъзои ҳукумат, роҳбарони сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи президент, ёрдамчиёни президент, роҳбарони як қатор идораву кумитаҳои давлатӣ, раиси ВМКБ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок карданд.

Гуфта мешавад, аз ҷумлаоид ба рафти корҳои омодагӣ барои баргузории Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, сарвазири мамлакат, раиси Кумитаи тадорукот Қоҳир Расулзода гузориш дод.

Дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба рушди бахшҳои иқтисоди миллӣ, вусъати корҳои ободонӣ ба хотири истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар тадбирҳои ободонию созандагӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда, омодабошӣ ба маъракаи зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва ғайра супоришҳои мушаххас дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.