“Баҳси Душанбеву Бишкекро СПАД “ҳал” кунад”. Лукашенко як миёнрави дигарро пешниҳод кард

Раиси ҷумҳурии Беларус пешниҳод кардааст, ки Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) барои ҳалли низои сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон даст ба кор шавад. Александр Лукашенко дар ин бора рӯзи 20-уми июн дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар Минск гап зад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласа ҳузур дошт. Лукашенко дар […]

centralasian.org

Раиси ҷумҳурии Беларус пешниҳод кардааст, ки Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) барои ҳалли низои сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон даст ба кор шавад.

Александр Лукашенко дар ин бора рӯзи 20-уми июн дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар Минск гап зад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласа ҳузур дошт.

Лукашенко дар суханронияш аз низои миёни Арманистон ва Озарбойҷон ва “мушкилот”-и Беларусу Русия низ ёдовар шуд.

Вай афзуд, гилаи Арманистон аз СПАД барои ёрӣ накарданаш дар ҳалли муноқиша бо Озарбойҷон “ҷон” дорад ва Қирғизистон ҳам муддатҳо пеш барои ҳалли низои сарҳадӣ бо Тоҷикистон ба ин созмон муроҷиат кард.

“Агар ин мушкилотро ҳал накунем, ба интиқоди ҳамдигар давом медиҳем. Агар мо барои ҳалли низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ёрӣ карда тавонем, онҳо аз мо миннатдор мешаванд. Дигар одам нобуд намешавад ва ин ҳукуматҳо аз мо миннатдор хоҳанд буд. Айни ҳамин ҳолат бо Арманистон ҳам ҳаст. Агар мо вокуниш накунем, дӯстону мушовирони ғарбии мо бо ин масъалаҳо машғул мешаванд,” – афзудааст ӯ.

Маълум нест оё вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар посух ба ин чизе гуфтанд ё на, вале дар гузашта Тоҷикистон гуфтааст, буҳрони марзӣ бо Қирғизистон бояд дар сатҳи ҳукуматҳои ду давлат ҳал шавад.

Дар гузашта президенти Русия Владимир Путин ҳам пешниҳоди миёнравиро дар ин музокираҳо кардааст.

Дар давоми ду соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ду муноқишаи пурхушунат ва пурқурбонӣ рух дод.

Ду кишвар беш аз 980 километр сарҳад доранд, вале солҳо боз зиёда аз сесад километри онро таъйину нишонагузорӣ карда наметавонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.