Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар “Ҷоми-Мердека” пирӯз шуд

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии финалии мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми Медека-2023” дар Куала-Лумпур дастаи Малайзияро мағлуб кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт. Тӯбҳоро аз тими Тоҷикистон футболбозон Рустам Соиров (дақиқаи 44-ум) ва Шаҳром Самиев (дақиқаи (88-ум) ба нишон расониданд. Ба ин тариқ, мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи 42-юми “Ҷоми Мердека” пирӯзӣ […]

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии финалии мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми Медека-2023” дар Куала-Лумпур дастаи Малайзияро мағлуб кард.

Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт. Тӯбҳоро аз тими Тоҷикистон футболбозон Рустам Соиров (дақиқаи 44-ум) ва Шаҳром Самиев (дақиқаи (88-ум) ба нишон расониданд.

Ба ин тариқ, мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи 42-юми “Ҷоми Мердека” пирӯзӣ ба даст овард.

Ҳайати тими Тоҷикитсон дар ин бозӣ чунин буд: Далерҷон Баротов, Зоир Ҷӯрабоев, Холмурод Назаров, Манучеҳр Сафаров, Ваҳдат Ханонов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Муродалӣ Акназаров, 90+3), Руслан Хайлоев (Вайсиддин Сафаров, 69), Алишер Шукуров (Нуриддин Ҳамрокулов, 46), Парвизҷон Умарбоев, Рустам Соиров (Шаҳром Самиев, 81).

Ҷоми Мердека мусобиқаи байнулмилаии футболи иборат аз бозиҳои дӯстона дар Малайзия мебошад, ки ба муносибати Рӯзи истиқлолияти ин кишвар гузаронида мешавад.

Номи мусобиқа дар забони малайи “истиқлолият” маъно дорад. Вохӯриҳои мусобиқа бозҳои байнулмилалии дӯстона дар категорияи “А”-и ФИФА ҳисобида мешавад. Мусобиқа аз соли 1957 доир мегардад.

Дар давоми баргузории “Ҷоми Мердека” 20 мунтахабҳои кишварҳо ва аз ҳама бештар Майлайзия ва Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.