Садҳо кушта дар ҳамла ба бемористони Ғазза

Вазорати тандурустии Фаластин хабар дод, ки Артиши дифои Исроил (ЦАХАЛ) ба бемористони “ал-Аҳлӣ” дар Навори Ғазза зарба задааст. Ба иттилои Вазорат, бар асари ин зарба аз 300 то 500 нафар ҳалок шуда, садҳо нафар зери харобаҳо мондаанд. Низомиёни Исроил изҳор доштаанд, ки ин фоҷеа дар бемористон дар натиҷаи мушакҳои партобшуда аз ҷониби гурӯҳи фаластинии “Ҷиҳоди […]

Вазорати тандурустии Фаластин хабар дод, ки Артиши дифои Исроил (ЦАХАЛ) ба бемористони “ал-Аҳлӣ” дар Навори Ғазза зарба задааст. Ба иттилои Вазорат, бар асари ин зарба аз 300 то 500 нафар ҳалок шуда, садҳо нафар зери харобаҳо мондаанд. Низомиёни Исроил изҳор доштаанд, ки ин фоҷеа дар бемористон дар натиҷаи мушакҳои партобшуда аз ҷониби гурӯҳи фаластинии “Ҷиҳоди исломӣ” ба амал омадааст, хабар медиҳад Би-Би-Си.

Артиши дифои Исроил бо нашри баёнияе масъулияти ин таркишро ба “Ҷиҳоди исломӣ” вогузор кард: тибқи фарзияи исроилиҳо, сабабаш партоби нокоми мушак аз ҷониби онҳо дар назди бемористон будааст.

"Таҳлили системаҳои амалиётии артиши Исроил нишон медиҳад, ки террористҳо дар навори Ғазза мушакҳо партоб карда, онҳо бевосита аз наздикии бемористони “Ал-Аҳлӣ гузаштаанд”, – зикр мегардад дар баёнияи онҳо.

– Маълумоти иктишофӣ аз чанд манобеъе, ки мо дорем, нишон медиҳад, ки маҳз “Ҷиҳоди исломӣ” ба партоби нокоми мушак, ки ба бемористон дар навори Ғазза бархӯрдааст, масъул аст.

Соати 20:14 Ҳамос дар бораи партоби мушаки махусусан пуриқтидор ба самти Хайфа хабар дода, лекин расидани он ба ин шаҳр ба қайд гирифта нашудааст.

Аввалин хабарҳо дар бораи таркиш дар бемористони “Ал-Аҳлӣ” дар қисмати марказии Навори Ғазза соати 20:23 нашр шуданд, менависад Настоящее время.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, ки дар таркиш дар бемористони “Ал-Аҳлӣ” “террористҳои ваҳшӣ” гунаҳкоранд.

"Аз даргириҳои гузашта бо террористон дар Ғазза медонем, ки ба ҳисоби миёна тақрибан 33 дарсади мушакҳое, ки ба сӯи мо партоб мекунанд, ба ҳадаф нарасида ва дар Ғазза фуруд меоянд", – гуфтааст ба ВВС Марк Регев, мушовири нахуствазири Исроил.

Дар ҳамин ҳол, Исмоил Ҳаниё, ки аксарият ӯро пешвои Ҳамос медонанд, мегӯяд, ба ҳамла ба бемористони “Ал-Аҳлӣ” ИМА масъул аст. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамла бо он сабаб имконпазир гардид, ки Вашингтон ба Исроил «рӯйпӯш кардани таҷовузаш”-ро” пешниҳод кард.

Ҳаниё дар як паёми телевизионӣ изҳор доштааст, ки “куштор дар бемористон бераҳмиии душман ва дараҷаи эҳсоси шикасти ӯро тасдиқ мекунад".

Пас аз таркиш дар бемористони Ал-Аҳлӣ дар бисёре аз кишварҳои минтақа ва ҳамчунин дар Аврупо тазоҳуроти тарафдорони Фаластин оғоз шуд.

Дар Рам-Аллоҳ дар Соҳили ғарбии дарёи Урдун садҳо нафар ба кӯчаҳо баромаданд. Тазоҳуротҳо бо иштироки ҳазорон нафар дар Туркия ва Лубнон назди сафоратхонаҳои Исроил ва ИМА доир гардиданд.

Дар Тунис тазоҳургарон назди сафоратхонаҳои Фаронса ва Британияи Кабир ҷамъ шуда, “марг ба Фаронса”” ва “Марг ба Бритониё!”шиорпартоӣ карданд.

Сафоратхонаи ИМА дар ин кишвар ҳафтаи гузашта пас аз оғози даргириҳо дар Исроил баста шуд.

Дар Уммон назди сафорати Исроил гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор шуд, аз ҷумла алйаҳи сафари президенти ИМА Ҷо Байден ба пойтахти Урдун.

Дар бисёре аз шаҳрҳои Аврупо низ тазоҳуроти миқёси гуногун баргузор шуд.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари маъмурияти Фаластин Маҳмуд Аббос мотами серӯза эълон кард.

Ӯ вохӯрӣ бо Байденро, ки бояд дар Урдун баргузор мешуд, бекор кард. Нишаст дар Урдун бо иштироки Байден бекор карда шуд.

Шоми дирӯз Урдун эълом дошт, ки нишасти чорҷониба бо иштироки ИМА, Фаластин, Миср ва Урдун бекор карда шуд.

Қобили зикр аст, ки фаластиниҳо мегӯянд ин зарба аз ҷониби Исроил буд. Исроилиҳо изҳор мекунанд, ки сабаҳои таркишро таҳқиқ мекунанд.

Вокуниши байнулмилалӣ

Миср зарба бе бемористонро “қотеъона” маҳкум карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост намуд, ки таъҷилан дахолат кунанд.

Нахуствазир Канада Ҷастин Трюдо ин ҳодисаро “фоҷеабор ва комилан ғайриқобили қабул” унвон кард.

Урдун низ ин амалро маҳкум намуда, президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон даъват кард, ки “зулми бесобиқа дар Ғазза” боздошта шавад.

Вазорати умури хориҷии Қатар изҳор дошт, ки ҳамла ба “бемористону мактаб ва дигар маҳаллаҳои аҳолинишин” ба низоъ шиддат мебахшад.

Роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ даъват намуд, ки аҳолӣ ва муассисаҳои тиббӣ таъҷилан зери муҳофизат гирифта шуда, инчунин фармони Исроил дар бораи кӯчонидани аҳолии Ғазза бекор карда шавад.

Байден чӣ гуфт?

Президенти ИМА Ҷо Байден изҳор намуд, ки аз таркиш дар бемористони Ал-Аҳлӣ дар Ғазза хеле нигарон аст, аммо касеро дар ин ҳодиса айбдор накард, менависад ВВС.

"Аз таркиш дар бемористони “Ал-Аҳлӣ” дар Ғазза, ки боиси талафоти даҳшатноки ҷонӣ шуд, хашмгин ва сахт андӯҳгинам", – гуфта мешавад дар изҳооти Байден дар замоне, ки аз ИМА ба Исроил парвоз мекард.

Ба гуфтаи Байден, дарҳол пас аз нашри хабари таркиш, ӯ бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва подшоҳи Урдун Абудуллоҳи II тамос гирифт.

Илова бар ин, ба гуфтаи президенти ИМА, ӯ ба гурӯҳи амнияти миллии худ дастур додааст, ки "ба ҷамъоварии маълумот дар бораи дар асл чӣ гуна сурат гирифтани ҳодиса" идома диҳад.

"ИМА ҷонибдори ҳифзи ҳаёти ғайринизомиён дар ҷараёни низоъ аст. Мо аз ҳалокати беморон, кормандони соҳаи тиб ва дигар қурбониёни бегуноҳи дар ин фоҷиа кушта ё маҷрӯҳшуда андӯҳгинем ва ба онҳо изҳори ҳамдардӣ мекунем", – омадааст дар изҳорот.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.