Мусовии мунтахаби миллии Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ

Вохӯрии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе дар бозии чоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо мунтахаби Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом ёфт. Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бозӣ рӯзи 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, мусовӣ – 1:1 ба поён расид. Голро […]

Вохӯрии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе дар бозии чоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо мунтахаби Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом ёфт.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бозӣ рӯзи 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, мусовӣ – 1:1 ба поён расид. Голро аз тими Тоҷикистон Рустам Соиров ба ҳадаф расонид.

Гуфта мешавад, дар бозии дигари гурӯҳи «G» Урдун дар майдони худ дастаи Покистонро бо ҳисоби калони 7:0 мағлуб кард.

Ба ин тариқ, пас аз чор давр дар гурӯҳи «G» Арабистони Саудӣ бо 10 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. Зинаи 2-юмро бо 7 имтиёз дастаи Урдун ишғол мекунад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар зинаи 3-юм ҷойгир шудааст. Футболбозони Покистон пас аз 4 давр ҳоло ягон имтиёз ба даст наовардаанд.

Ҷадвали гурӯҳи «G»

Дар ду вохӯрии боқимондаи даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби миллии Тоҷикистон бо дастаҳои Урдун (6 июн дар меҳмонӣ) ва Покистон (11 июн дар Душанбе) бозӣ мекунад.

Бозиҳои боқимонда

Даври 5-ум

6 июн (панҷшанбе)

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Покистон – Арабистони Саудӣ

Даври 6-ум

11 июн (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Покистон

Арабистони Саудӣ – Урдун

Маълумоти муфассал дар бораи имкони ба даври сеюми марҳилаи интихобӣ роҳ ёфтани мунтахаби Тоҷикистон дар маводи мо – “Тоҷикистон метавонад ба даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳхат гирад?” қобили дарёфт аст.

Дастаҳое, ки айни замон ба даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳхат гирифтанд: Австралия, Ироқ, Ӯзбекистон ва Эрон. Дастаҳое, ки ба даври финалии Ҷоми Осиё-2027 роҳхат гирифтанд: Арабистони Саудӣ, Австралия, Ироқ, Ӯзбекистон, Эрон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.