“Виза” ҷорӣ шавад”. Баъди ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” вакилони Русия хостори ҷорӣ кардани раводид бо Тоҷикистон шуданд

Вакили Думаи давлатии Русия аз вилояти Самара Михаил Матвеев доир ба зарурати ҷорисозии реҷаи раводид бо Тоҷикистон изҳори назар кард. Ба ақидаи сиёсатмадор, пас аз амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” ба таври возеҳ маълум шуд, ки раванди муҳоҷирати берун аз назорати давлат ба чӣ оварда расонида метавонад. Дар ин бора “Коммерсант” хабар медиҳад. “Дар […]

Вакили Думаи давлатии Русия аз вилояти Самара Михаил Матвеев доир ба зарурати ҷорисозии реҷаи раводид бо Тоҷикистон изҳори назар кард. Ба ақидаи сиёсатмадор, пас аз амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” ба таври возеҳ маълум шуд, ки раванди муҳоҷирати берун аз назорати давлат ба чӣ оварда расонида метавонад. Дар ин бора “Коммерсант” хабар медиҳад.

“Дар шароити амалиёти махсуси низомӣ мақомоти Русия набояд ба вуруди унсурҳои номатлуб роҳ диҳанд. Маҳз бо ҳамин сабаб бо Тоҷикистон ва эҳтимолан бо бархе аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низоми раводид ҷорӣ кардан лозим аст”, – гуфтааст Матвеев.

Ба гуфтаи ӯ, чунин тасмим ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки шаҳрвандони хориҷӣ акнун умуман наметавонанд ба Русия оянд.

«Агар гап сари муҳоҷирати корӣ равад, он бояд сахт назорат шавад. Имрӯз ҳама гуна сокини Тоҷикистон метавонад танҳо билети қатора хараду ба Русия ояд. Дар асл, ин на таъмини иқтисод бо қувваи корӣ, балки ташкили гурӯҳҳо (анклавҳо)-и миллӣ ва аз нав тақсим кардани таносуби этно-конфессионалӣ мебошад. Агар вуруди ин гуна муҳоҷирон маҳдуд ва назорати рақамӣ ҷорӣ нашавад, мақомоти пулис ва хадамоти махсус аз ӯҳдаи ин кор баромада наметавонанд”, – чунин мешуморад вакил.

Дар ҳамин ҳол, ӯ шубҳа мекунад, ки чунин ақидаро аксарияти ҳамкасбонаш қабул дошта бошанд. «Шуури элитаи ҳукмрон аз вируси бисёрфарҳангӣ ва як қолаби муайяне, ки “пас бо сиёсати эҳтироми ҳамаи миллатҳо чӣ мешаваду он пош мехӯрад”, сахт осеб дидааст. Ҳамзамон, айни замон барои ҷорӣ кардани низоми раводид бо баъзе давлатҳо вазъияти муносиб ба вуҷуд омадааст”, – иброз доштааст сиёсатмадор.

Вакили парлумон ҳамчунин тавзеҳ додааст, ки аз нигоҳи стратегӣ фароҳам овардани шароит барои бозгашти ҳамватанони рус ва кӯчонидани мардуми славянитабор ва дигар халқҳои аврупоӣ хеле беҳтар аст.

“Муҳоҷирати русҳо аз хориҷа дорои захираи бузург буда, муҳим он аст, ки зери мафҳуми «ҳамватан» мардуми бумӣ (таҳҷоӣ)-и Русия дар назар бошанд. Ҳамчунин ба он таваҷҷуҳ кардан лозим аст, ки бо сабабҳои идеологӣ шаҳрвандони муҳофизакор (консервативӣ)-и кишварҳои ғарб омодаанд, ки ба кишвари мо кӯч банданд. Онҳо мутобиқ шуда, ба қонунҳои Русия арҷ хоҳанд гузошт. Аз таърих ёдовар шудан кифоя аст, ки немисҳо, шведҳо ва дигар халқиятҳои русшуда ба кишвар чӣ гуна нафъ расонданд”, – илова намудааст Михаил Матвеев.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.